Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷалби одамон барои истисмор

19-уми марти соли 2017 марди 68-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар вақти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони ҷалби одамон ба истисмор дастгир карда шуд. 

Гумонбаршуда, аз моҳи майи соли 2016 то ин ҷониб бо мақсади истисмори шаҳвонӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ваъдаҳои бардурӯғ дода, ба Арабистони Саудӣ равон намуда, аз ин ҳисоб фоидаи муфт ба даст овардааст. Аз ҷумла, 21-уми январи соли 2017 зани 36-солаи сокини шаҳри Душанберо ба Арабистони Саудӣ равон карда, зери истисмори шаҳвонӣ қарор додааст. Сипас, марди гумонбаршуда боз барои баргардонидани ӯ аз падару модари охирин 2 ҳазор доллари амрикоӣ талаб кардааст. Ҳангоми гирифтани маблағи зикргардида номбурда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид.
Вобаста ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика