Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи шуъбачаи милитсия дар Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб

41

Вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, бунёди бинову иншоот ва таъмини шароити хуби корӣ аз беҳтарин омилҳои баланд намудани самаранокии фаъолият ва натиҷаву дастовардҳо ба шумор рафта, вобаста ба ин дар мақомоти корҳои дохилӣ ба ин самт таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Аз ҷумла, рӯзи 7-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бинои шуъбачаи милитсияи Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоби ШВКД дар нақлиётбудаи вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бинои номбурда иборат аз 10 ҳуҷраи корӣ буда, барои фаъолияти кормандони милитсия пешбинӣ шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурии хизматбарӣ таъмин гардидааст.
Зимни боздид қайд гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои беҳтар гардонидани шароитҳои хизматбарии кормандони милитсия тамоми чораҳои заруриро меандешад.

424344

Дар партави сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти милитсия сол то сол бо шароитҳои хуби корӣ муҷаҳҳаз гардида, ҳамасола даҳҳо биноҳои хизматию маъмурӣ сохта ва таъмиру таҷдид карда мешаванд.
Абдулмуъмини ЗАЙНИДДИН


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика