Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба таъсисёбии Қӯшунҳои дохилӣ

129

Ба муносибати ҷашни касбии хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ, ки ҳамасола 10-уми апрел таҷлил карда мешавад ва 26-умин солгарди таъсисёбии ин сохтор, ҳамзамон таъсиси дастаи таъиноти махсуси он мусобиқаҳои кушоди шахсӣ-даставӣ аз намудҳои футбол, гӯштини миллӣ ва тирпарронӣ барои дарёфти «Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз 1-уми апрел оғоз ёфт, ки он то 9-уми апрел идома хоҳад ёфт. Дар ин мусобиқаҳо 10 дастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷалб гардида, барои дарёфти ҷойҳои ғолибият рақобат хоҳанд намуд.

130131132

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон баромад намуда, нахуст хизматчиёни Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ ва тамоми иштирокчиёни мусобиқаро ба ифтихори ин санаи муҳим табрику таҳният намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон комёбиҳо таманно намуд.
Қайд карда шуд, ки Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ яке аз сохторҳои бузург ва калидии Вазорати корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, вазифаҳои пурмасъули таъмини амнияти давлату шаҳрвандони ҷумҳурӣ, пойдории сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва дигар вазифаҳои муҳимро бар дӯш дорад.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, Қӯшунҳои дохилӣ ба яке аз сохторҳои қавӣ ва пешрафта мубаддал гашта, дар ин муддати кӯтоҳ афсарону сарбозони он тавонистанд дар баробари дигар хизматчиёни шуҷои мақомоту сохторҳои қудратии кишвар дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини тинҷию оромӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, нест намудани гурӯҳҳои ҷинояткор, террористию ифротгаро саҳми босазои худро гузоранд.
Имрӯз ҳам фарзандони содиқи Ватан дар сафи Қӯшунҳои дохилӣ хизмати софдилонаи худро сарбаландона идома дода истода, ҳамеша дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тинҷию осудагии мардуми диёри хеш омодаанд.
Боварӣ аст, ки мусобиқаҳои варзишии иқдомнамудаи Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ хеле ҷолибу диданӣ ва хотирмон доир гардида, ба робитаҳои дӯстию рафиқии кормандони мақомоту сохторҳои қудратии кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Сипас, дар идомаи чорабинӣ Суруди миллии Тоҷикистон садо дода, муовини Вазири корҳои дохилӣ Маҳмадсаид Саидзода мусобиқаҳоро расман оғоз бахшид.

133134135

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби хизматчиёни дастаи таъиноти махсуси РҚД саҳнаи худмуҳофизатӣ бе яроқ намоиш дода шуда, ҳамчунин якчанд суруд дар иҷрои ҳунармандони оркестри нафасии раёсати зикргардида пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Худи ҳамин рӯз, бозиҳои футбол миёни дастаҳои Вазорати мудофиа ва Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи кишвар дар як майдон ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ бо Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД дар майдони дигар баргузор гардид. Ҳисоби аввал 6:1 бо бартарияти футболбозони Вазорати мудофиа ва ҳисоби бозии дуюм 10:1 ба фоидаи варзишгарони қӯшунҳои сарҳадӣ анҷом ёфтанд.
Х. СОЛЕҲОВ,
подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика