Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани бинои Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб

33

Дар ноҳияи Варзоб дар доираи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб ба истифода дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи бинои мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза» генерал-майори милитсия Раҳмонзода Алихон Футур ва намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб иштирок намуданд.

34

Бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои меъмориву шаҳрсозии муосир бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Бино дорои 6 утоқи барҳавои корӣ, маҷлисгоҳ, қисми навбатдорӣ, китобхона, анбор, бойгонӣ, ҳуҷраи лисобивазкунӣ, хобгоҳ ва дигар иншооти маишию ёрирасон иборат буда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бо ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавӣ шароити хуби корӣ барои кормандони ин ниҳод фароҳам оварда шудааст. 
Сохтмони бинои мазкур аз ҳисоби даромадҳои молиявии Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 шуруъ гардида, дар муддати хеле кӯтоҳ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро таъкид намуд, ки ноҳияи Варзоб минтақаи сайёҳӣ буда, таъмини амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза» маҳорату кордониро талаб менамояд. 
Масъулини мақомоти маҳаллӣ низ иброз доштанд, ки бо қомат афрохтани чунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон симои ноҳия зебою назаррабо мегардад. 
Дар баробари фароҳам овардани дигар шароити мусоиди корӣ инчунин ин бино бо системаи ягонаи гармидиҳӣ, системаи огоҳсозӣ аз сӯхтор таъмин буда, дар он камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

3536

Кормандони Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат, роҳбарияти Вазорату Хадамот барои дастгириҳои пайваста ва ифтитоҳ гардидани бинои наву замонавӣ изҳорӣ минатдорӣ намуданд.

Саидмуродзода Далер


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика