Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи бонувони волейболбози ВКД «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе»-ро ба даст овард

 

33

Рӯзи 7-уми марти соли 2019, даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол миёни занон - кормандони вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар корхонаю идораҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи Модар» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид.

343536

Дар ин мусобиқа 28 дастаи бонувони волейболбози шаҳри Душанбе байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Дар даври ниҳоӣ дастаи бонувони волейболбози Вазорати корҳои дохилӣ бо дастаи бонувони волейболбози шаҳри Душанбе рақобат намуда, бар ҳисоби 3:0 ғолиб омада, соҳиби ҷойи аввал ва Ҷоми мусобиқа гардид.
Ҳамин тавр, ҷойи дуюм насиби дастаи бонувони волейболбози шаҳри Душанбе, ҷойи сеюм насиби дастаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҷойи чорумро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ишғол намуданд.

37

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода бонувони волейболбозро бахшида ба «Рӯзи Модар» табрику таҳният намуда, онҳоро аз номи Раиси шаҳри Душанбе бо Ҷом, медал, Ифтихорномаю Сипосномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонид.
Гул Маҳбуба

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика