Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи кормандон, курсантон ва хонандагони мактаб-литсейҳои ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд

380
Рӯзи 24-уми январи соли равон дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, курсантон ва хонандагони мактаб-литсейҳои Вазорати мазкур бо мақсади шиносоӣ ба шаҳри бостонии Хуҷанд ва дигар мавзеъҳои таърихии вилояти Суғд ташриф оварданд.
Ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ Раиси ноҳияи мазкур Азиззода Ғайрат, муовини сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор, муовини аввали сардори РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Ализода Музаффар, сардори ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ Ҷалилзода Эмин Карим ва намояндагони дигар ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона пешвоз гирифтанд.
Сипас, меҳмонон аз шаҳри бостонии Хуҷанд, Қасри Арбоб, Маркази миллии «Оши палав», Боғи Парчам, Боғи устод С.Айнӣ ва дигар ҷойҳои тамошобоби шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.

379378381382

Рӯзи 25-уми январи соли 2019 вохӯрии сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо бо ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, курсантон ва хонандагони мактаб-литсейҳои Вазорати мазкур баргузор гардид.
Сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қ.Б. ҳайати меҳмононро ба сарзамини Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки маҳз бо заҳмату талошҳои ду шахсияти бузурги таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев дӯстиву бародарии ду миллати тамаддунпарвар ба марҳилаи нави таърихӣ гузашта, боз ҳам мустаҳкам гардид.
Мавриди қайд аст, ки дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз 23-юм то 25-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» аз ҳисоби муассисаҳои олии кишвар ва курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба мақсади шиносоӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ба шаҳрҳои Бухорову Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекситон сафар намуда, бо ҳамсолони худ дӯстию рафоқат барқарор намуданд.

383

Дар ин замина тасмим гирифта шудааст, ки кормандон, курсантон ва хонандагони мактаб-литсейҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шаҳри таърихии Истаравшан, Мӯғтеппа ва дигар ҷойҳои бостонии вилояти Суғд боздид намуда, бо ҷавонони гурӯҳи «Авангард» ва курсантони факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир намоянд.
Ҳамчунин бозии рафиқонаи футбол байни курсантон ва хонандагони мактаб-литсейҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва курсантони факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки сафари меҳмонони ӯзбекистонӣ то санаи 27-уми январи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд идома ёфта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ дода мешавад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика