Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Мушовараи ВКД оид ба ҷамъбасти фаъолияти солона

538

Рӯзи 15-уми январи соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои Мушовара, сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

539

Ҷаласаи Мушовараро Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оғоз намуда, қайд кард, ки дар давраи сипаригардида аз ҷониби кормандони милитсия як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, ашхоси ҷиноятпеша ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

540

Дар идомаи ҷаласа сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 муфассал баромад карда, вазъи ҷинояткориро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин дар идомаи ҷаласа сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД подполковники милитсия Саидзода Шоҳрух, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД полковники милитсия Нумонзода Раҳматулло Ислом, муовини сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Мирзомуродзода Рустам ва дигарон баромад намуда, доир ба натиҷаҳои хизматӣ ҳисобот доданд.

541

Дар хотимаи ҷаласаи Мушовара Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, баҳри бартараф намудани онҳо, инчунин ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ошкор намудани ҷиноятҳои солҳои пешин, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, тартибу низом ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Бо ҳамин ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 ба анҷом пазируфта, фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2018 қаноатбахш арзёбӣ гардид.
Гул Маҳбуба, Ҳасан Шерализода.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика