Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими бошукӯҳи ҷоизасупории динамочиёни муваффақ дар соли 2018

579

Дар партави сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла намудҳои гуногуни варзиш босуръат рушд намудаааст. Ин аст, ки варзишгарони ҷумҳурӣ дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоёну ифтихорӣ мегарданд ва шарафи ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд. Бо шарофати варзишгарони ғолиб Суруди миллӣ садо дода, Парчами давлатии Тоҷикистон дар сабқатҳо партавфишон мегардад.
Ҳамзамон, бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар саросари кишвар садҳо иншоот, толору майдонҳои варзишӣ баҳри тарғибу ташвиши тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон, муҷаҳҳаз бо лавозимоту шароитҳои замонавии варзишӣ, сохта ба истифода дода шудаанд.
Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сол то сол ба ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД, таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва муовини аввали Раиси ин Шӯро подполковники милитсия Аслиддин Шоҳиён бо дастоварду комёбиҳои нав ба нави варзишӣ ноил шуда истодаанд.

580

Тӯли чанд сол мешавад, ки чун анъана дар арафаи Соли нави мелодӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли 2017 «Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021», ҳамчунин бо мақсади қадрдонии варзишгарони муваффақ маросими бошукӯҳи ҷоизасупории варзишгарони беҳтарини ШҶ «Динамо» доир мегардад.
Ба ин муносибат, санаи 29-уми декабри соли ҷорӣ дар тарабхонаи «Султон Аҳмад»-и шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом оғоз намуда, ҳозирин ва варзишгарони Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-ро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ бо фарорасии Соли нави мелодии 2019 ва комёб гардиданашон дар соли 2018 табрику муборакбод намуд.
- Агар ба таърихи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» назар афканем, дар тамоми самтҳои варзиш, чӣ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва чӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ динамочиёни тоҷик ҳамеша фаъолона ширкат варзида, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардошта, дар ҷомеаи башарӣ муаррифгарони миллат гардидаанд.

581582

Дар давраи ҳисоботӣ дастпарварон ва аъзои дастаи «Динамо» дар 76 мусобиқаи варзишии байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, дар маҷмӯъ, соҳиби 26 медали тилло, 19 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ гардиданд. Инчунин, аъзои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ба 152 медали тилло, 104 медали нуқра ва 112 медали биринҷӣ шарафёб гардидаанд.
Лозим ба ёдоварист, ки соли 2018 бо ташаббуси ШҶ «Динамо» ва бахшҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 16 намуди варзиш зиёда аз 80 мусобиқа доир карда шуд, - афзуд мавсуф ва илова намуд: «Итминони комил дорем, ки дар оянда низ варзишгарони «Динамо»-и ВКД, бо дастовардҳои наву ғолибиятҳо қуллаҳои баланди варзиширо фатҳ менамоянд».
Сипас, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ зимни суханронии худ аз номи Раиси ин Кумита Абдуллозода Аҳтам Рустам ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои саҳми беандоза гузоштанашон дар рушди соҳаи варзиш миннатдории самимӣ изҳор намуд. Ӯ аз ҷумла, зикр намуд, ки маҳз дар заминаи сиёсати ҷавонпарварона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон дар рушду инкишофи соҳаи варзиш таҳким ёфта, дастовардҳои наврасону ҷавонони кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа назаррас арзёбӣ мегардад.
- Роҳбарият ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои ҷонии худ, боз дар баланд бардоштани тамоми рукнҳои варзиш, дастовардҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ нақши назаррас мегузоранд, - илова намуд Ризо Назарзода.
Зимни баргузории ҷамъомад ба ҳозирин аз дастовардҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар соҳаи варзиш, аз қабили кушодашавию ба истифода додани толору майдончаҳои варзишӣ, ба даст овардани ғолибиятҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои футбол, гӯштин, волейбол, шиноварӣ, вазнбардорӣ ва аз рафти дигар ғолибиятҳои динамочиён филми мустанад намоиш дода шуд, ки писанди ҳозирин гардид.

583584

Дар идомаи чорабинии тантанавӣ барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас, саҳм гузоштан дар пешрафт ва рушду нумӯи варзиш, баланд бардоштани обрӯи ВКД як қатор дастаҳо ва варзишгарони ШҶ «Динамо» дар соли 2018 қадрдонӣ шуданд.
Аз ҷумла, дастаи «Динамо» оид ба футболи хурд - «Беҳтарин дастаи варзишӣ», толори Сарситоди ҳамоҳангсозии воҳидҳои махсуси ВКД - «Беҳтарин иншооти варзишии сол», курсанти Академияи ВКД Миҷгона Самадова - «Беҳтарин бону-варзишгари сол» аз намуди кикбоксинг, Сафаралӣ Маҳмадизода - «Беҳтарин довари сол» аз намуди футбол, Сарахон Эмомов - «Беҳтарин довари сол дар байни собиқадорон» аз намуди гӯштини самбо, лейтенанти хизмати дохилӣ аз Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД Акмалиддин Каримов - «Беҳтарин варзишгари сол» ва Зариф Назриев - «Беҳтарин мураббии сол» ҳарду аз намуди гӯштини самбо дониста шуда, бо ҷоиза сарафроз гардиданд.
Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишӣ, нишон додани маҳорату малакаи касбию варзишӣ, ташвиқу тарғиби варзиш ва ҳаёти солим дар ҷомеа як қатор варзишгароне, ки бо дастовардҳои баланд ноил гардидаанд ва кормандоне, ки дар рушди варзиш саҳм гузоштаанд, бо Сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар ин чорабинӣ ба муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» подполковники милитсия Аслиддин Шоҳиён Сипосномаи ВКД ва аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш унвони «Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим гардид.
Ба чорабинии тантанавӣ ҳунармандону сарояндагони ансамбли созӣ-овозии «Сипар»-и ВКД бо суруду таронаҳои дилнавоз ҳусни дигаре зам намуданд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ, Наврӯз ҶОБИРОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика