Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Биё, ай соли нав, соли умедҳо

355

Имрӯз (29.12.соли 2018) бахшида ба фарорасии соли нави мелодӣ, бо ибтикор ва иқдоми наҷибонаи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар бинои Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев, чорабинии идонаи солинавӣ барои фарзандони кормандони милитсия, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ва фарзандону пайвандони кормандони фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, бо иштироки зиёда аз 1000 нафар кӯдакону пайвандони онҳо баргузор гардид.

356357

Чорабинии солинавиро сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Рамазонзода Суҳроб Кароматулло бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо назадикону пайванонашонро аз номи Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо фарорасии соли нави мелодӣ, соли 2019 табрику муборакбод гуфта қайд кард, ки ҳамасола роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ баҳри болидахотирии кӯдакону наврасон ва фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ чунин чорабиниҳоро доир менамоянд. Бигузор ин насли наврасу ҷавоне, ки дар ин сарзамини биҳиштосо ба воя мерасанд, ҳамеша созандагону ободгарони Ватан бошанд, парчамбардорони миллати тоҷик гарданд. Бори дигар ба ҳозирин сиҳативу саломатӣ, хушбахтиву хонаободӣ ва оромиву осоиштагиро бар ватани азизамон таманно намуд.

358359360

Чорабинии идонаро барномаҳои соли навӣ, суруду таронаҳои дилнавози ҳунармандони ансамбли созӣ овозии «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳунармандони Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷураев, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва шеъру сурудхонии кӯдакон ҷолибу рангорангин намуд, ки иштирокдорони ин маҳфил аз барномаҳои намоишдодаи ҳунармандон бо хандаву табассум ва шавқи беандоза лаззат мебурданд. Дар фарҷоми ин чорабинӣ ба иштирокчиёни хурдсол, тӯҳфаҳои солинавӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд, ки ба хурсандии кӯдакон хурсандии наверо зам менамуд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика