Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилӣ аз қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қушунҳои дохилии ВКД дар шаҳри Хоруғ

529

Рӯзи 13-уми декабри соли 2018 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ аз қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ боздид ба амал овард.

Вазири корҳои дохилӣ зимни боздид аз шароити хизматбарӣ ва будубоши сарбозони қисми ҳарбӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити хизматӣ як қатор дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин дар ҷараёни боздид ба майдончаи волейболбозӣ, ки дар қисми ҳарбии мазкур бо тамоми шароити мусоид бунёд гардидааст, ифтитоҳ бахшида шуд.

531530532

Зимни сӯҳбати озоду самимӣ Вазири корҳои дохилӣ афсарону сарбозони қисми мазкурро ба зиракию ҳушёрӣ, обутоби бадан ва пайваста машқу тамрин намудан ҳидоят кард.
Мавриди қайд аст, ки шароити фароҳам гардида ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумат рӯҳияи сарбозонро баланд бардошта, бо сарбаландӣ хизмати худро адо менамоянд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика