Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

451

Рӯзи 3-юми декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, суҳбат намуданд.

452

Аз он ҷумла: 

- подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо - сардори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсия»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб);
- полковники милитсия Баротзода Тоҳир Барот – сардори Шуъбаи ВКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати Вазорат дар нақлиёт; 
- полковники милитсия Ҳамдамзода Валихон Ҳамдам - сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
- подполковники милитсия Сафарзода Фахриддин Холмумин - сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав;
- полковники милитсия Маҳмадзода Алимардон Маҳмад – сардори ШВКД дар шаҳри Ваҳдат;
- подполковники милитсия Алихон Рустам - сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода;
- полковники милитсия Одиназода Фирӯз Саттор – сардори ШВКД дар шаҳри Истаравшан;
- подполковники милитсия Олимов Исохуҷа Асрорович – сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳристон;
- подполковники милитсия Насимзода Қосим Наимӣ – сардори ШВКД дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ;
- подполковники милитсия Одиназода Сайдаҳтам Сироҷ – сардори ШВКД дар ноҳияи Айнӣ;
- полковники милитсия Эмомзода Раҷабалӣ Эмом – сардори ШВКД дар ноҳияи Деваштич; 
- подполковники милитсия Пирзода Сафар Қузратулло – сардори ШВКД дар шаҳри Конибодом;
- полковники милитсия Ҷалилзода Эмин Карим – сардори ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ;

453454455

- подполковники милитсия Бурҳониён Олим Полвон – сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд;

- генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршо – сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара;
- подполковники милитсия Сайфуллозода Рустам Сайфулло – сардори ШВКД дар ноҳияи Муминобод;
- полковники милитсия Иброҳимзода Хуршед Икром – сардори ШВКД дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин;
- полковники милитсия Маҳмудзода Шамсулло Хайрулло – сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ;
- полковники милитсия Воҳидзода Темур Сафар – сардори ШВКД дар ноҳияи Восеъ;
- подполковники милитсия Раҳимзода Ҷамшед Расул – сардори ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ;
- полковники милитсия Мирзозода Абдураҳим Қурбон – сардори ШВКД дар ноҳияи Кушониён;
- полковники милитсия Раҷабзода Рустам Сафаралӣ – сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара;
- полковники милитсия Файзуллозода Илҳомҷон Файзулло – сардори ШВКД дар шаҳри Норак;
- полковники милитсия Шомадзода Фирдавс Маҳмад – сардори ШВКД-2 дар шаҳри Исфара таъин гардиданд, ки то ин муддат дар ҳамин ниҳод аз корманди қаторӣ то ба сатҳи роҳбарикунанда фаъолият намудаанд.

456457458

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои навтаъиншуда таъкид карданд, ки бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилонаи худ саҳми муносиб гузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати кадрҳоро махсусан ба масъалаи мубориза алайҳи ифротгароӣ, пешгирии ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар қонуншиканиҳо ҷалб намуданд.
Сипас, дар толори Вазорати корҳои дохилӣ дар назди Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷаласаи селекторӣ баргузор гардида, дар рафти он кадрҳои навтаъиншуда бо ҳайати шахсии мақомот шиносонида шуданд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он расонида, иҷрои босифат ва саривақтии онҳоро тақозо намуд.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика