Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҳолати муосири ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ»

313

Рӯзи 28-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дафтари САҲА дар шаҳри Душанбе, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳолати муосири ислоҳоти мақомоти корҳои дохилӣ» конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. 

314

185Кори конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. кушода иброз намуд, ки дар доираи ислоҳоти милитсия аз ҷониби ВКД корҳои азиме ба сомон расонида шуда, ин раванд идома дорад. Махсусан аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат, Президнти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри густариши милитсия, алалхусус Акдемияи ВКД ғамхориҳои беназир зоҳир карда мешаванд.

Боиси хушнудист, ки дар кори конференсия Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Саид Нуриддин Саид, мушовири дафтари САҲА Капортсев Дмитрий Геннадиевич, афсари миллии САҲА Муҳаммадиев Ҳ.Х., мутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Малахов М.Н., Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, кормандони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, РВКД дар шаҳри Душанбе ва омӯзгорону курсантон ширкат намуданд. 

316
317Муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷ.Ҳ. аз номи Вазири корҳои дохилӣ ба ҳамаи меҳмонон барои ташриф овардан ба Академияи ВКД изҳори минатдорӣ намуд.
Дар аввал Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр дар бораи иҷрои раванди Стратегияи ислоҳоти милитсия маълумоти муфассал дода, таклифу пешниҳодҳои мушаххасро оиди ин раванд баён намуд.
Дар мавзӯи «Проблемаҳо вобаста ба гузаронидани вазифаи Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғони ВКД ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ», Вазири маориф ва илм, доктори илмҳои фалсафа Саид Нуриддин Саид маърӯзаи муфассал намуда, диққати ҳозиринро ба проблемаҳои ноболиғон ҷалб намуд ва иброз дошт, ки айни ҳол ВКД дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст, байни ин ду вазоратҳо ҳамкории муштарак вуҷуд дорад.
Дар мавзӯи «Нақши САҲА дар ислоҳоти милитсия» мушовири дафтари САҲА Капортсев Дмитрий Геннадиевич презентатсия намуда, аз ҳамкориҳои ВКД бо САҲА дар ин самт изҳорӣ қаноатмандӣ намуд.

318

Мутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолӣ Малахов М.Н. дар мавзӯи «Мушкилот дар раванди гузаронидани ҳушёрхонаҳо ба системаи тандурустии Тоҷикистон» маърӯза намуда, иброз кард, ки оид ба ин масъала гуруҳи корӣ фаъолият дорад.
Мушовири калони Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Ғуломов Қ.Ҷ. дар бораи комёбиҳои ВКД дар самти ислоҳоти милитсия иттилои пурра дод. Сардори маркази матбуоти ВКД полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ дар мавзӯи «Принсипи адолати иҷтимоӣ дар раванди ислоҳоти милитсия» маъруза намуда, проблемаҳои актуалиии этикаи милитсияро пеш гузошт. Муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ полковники милитсия Ятимзода Ҳ. дар мавзуи «Фаъолияти нозирони минтақавии милитсия дар робита бо аҳолӣ» маърӯзаи муфассал намуд. Дотсенти Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллоев Ф. дар мавзӯи «Имиҷи корманди милитсия тибқи ислоҳоти милитсия» ибрози ақида намуд.
Дар фосилаҳо саволу ҷавоб баргузор гардида, генерал-майори милитсия Имомёрбеов А. як қатор таклифҳои мушахасс пешниҳод намуд.
Дар охири кори конференсия тавсияҳои муфид қабул гардиданд.
Асламов Б.С., Убайдулоев Ш.Э. - махсус барои Сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика