Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рушду густариш ёфтани ҳамкориҳо бо ВКД Аморати Муттаҳидаи Араб

176

Рӯзи 20-уми ноябри соли равон дар ҷараёни баргузории 87-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии «Интерпол» дар шаҳри Дубайи АМА Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини аввали Вазири корҳои дохилии Аморати Муттаҳидаи Араб ҷаноби Сайф Абдулло Ал-Шафар вохӯрӣ доир намуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, муқобилият бар таҳдидҳои дунявӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ мо метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир мубориза бурда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика