Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро барои иштирок дар 87-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии “Интерпол” ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб сафар намуд.
Ҷаласаи 87-уми Ассамблеяи генералии “Интерпол” рӯзҳои 18-21-уми ноябри соли 2018 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бо иштироки намояндагон аз 136 давлат баргузор гардида истодааст.
Дар ин ҷаласа масъалаҳои таҳдидҳои замони муосир ба мисли терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада ва дигар масоили мубрам мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Дар ҷараёни ҷаласа омӯзиши системаи махсуси ҳамкории давлатҳои аъзоро Котиби генералии "Интерпол" Юрген Шток муаррифӣ намуд.
Инчунин дар рафти ҷаласа вохӯриҳои дуҷонибаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пешбинӣ гардидааст.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>