Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо намояндагони диаспораҳои тоҷики Федератсияи Россия

162

Рӯзи 17-уми ноябри соли 2018 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбарон ва намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия, ки ҷиҳати иштирок дар маросими кушодашавии агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват шуда буданд, вохӯрӣ доир намуд.

159160161

Дар рафти вохурӣ ва суҳбати озоду самимӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. сараввал меҳмононро ба ифтихори кушодашавии агрегати аввали Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва «Рӯзи Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрик гуфта, ба онҳо барору комёбӣ ва пешрафту шукуфоиро таманно намуд.
Дар навбати худ меҳмонон аз даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин чорабинии таърихӣ ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ба меҳмонон барои ҳамкории судманд аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ медал, Ифтихорнома ва Раҳматномаҳо тақдим карда шуд.
Абдулмуъмини Зайниддин


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика