Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмарка бахшида ба Рӯзи милитсия

 

95

Рӯзи 9-уми ноябри соли 2018 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи милитсия дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ярмаркаи маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти мазкур доир гардид. 

9697

98Дар ин ярмарка маҳсулоти ғизоӣ аз қабили гушту биринҷ, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум пешкаши харидорон карда шуд.
Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 50 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хубе бахшида ба Иди касбии милитсия ба шумор меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин ярмаркаҳо пайваста аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шуда, шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони ин сохтори бонуфузи қудратӣ мебошад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика