Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо Арабистони Саудӣ

128

Рӯзи 2-юми ноябри соли 2018 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ бо Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулазиз Моҳаммед Албадӣ ва намояндагони Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ доир намуд.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмонони олиқадрро барои ташрифашон ба сарзамини офтобии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки ташрифи шумо барои густариш додани ҳамкориҳои минбаъдаамон заминаи қавие хоҳад гузошт.
Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро қайд намуд, ки тавре зимни вохӯрӣ Сарвари давлат иброз доштанд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо пешгирии қонуншиканӣ, ошкор намудани ҷинояткорӣ ва дастаҷамъона мубориза бурдан бо ҷинояткорон мебошад.

130129

Дар навбати худ Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд аз пазироӣ ва мулоқот бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ намуда афзуд, ки баҳри решакан намудани гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ, ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои трансмиллӣ аз қабили қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳамбастагӣ мубориза хоҳем бурд. Қавӣ гардонидани робитаҳои ҳамкориҳо, мубодилаи таҷрибаи кормандони мақомотҳои корҳои дохилӣ дар ошкору пешгирии ҷинояткорӣ ва пешбурди дигар самтҳои фаъолияти ин ду сохтор муҳим буда, мо омода ҳастем дар доираи созишномаву санадҳои ҳамкории миёни ду кишвар ҳамкориҳои худро тақвият диҳем.
Аз вохӯрии баргузоргардида ҷонибҳо изҳори хушнудӣ ва арзи сипос намуданд.
Раҷаббек Илёсов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика