Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани шуъбачаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар ноҳияи Айнӣ

211

Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бинои хуштарҳу замонавии шуъбачаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ, ки бо назардошти тамоми анъанаҳои меъмории миллӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

212214213215216222223

Дар маросими ифтитоҳи бинои шуъбачаи мазкур муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, Раиси ноҳияи Айнӣ Раҳматуллозода Неъматулло, сардори Хадамоти «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Раҳмонзода Алихон Футур, ҳайати шахсӣ ва аҳли ҷамоатчигӣ иштирок намуданд.
Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 7 ҳуҷраи корӣ муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ, компютеру асбобҳои огоҳкунандаи зиддисӯхторӣ, камераҳои мушоҳидавӣ, қисми навбатдорӣ, хобгоҳ, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхона, системаи гармидиҳӣ ва дигар иншоотҳои маишиву техникӣ мебошад.

217

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом ҳайати шахсии шуъбачаи мазкурро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки баҳри оромиву осоиштагӣ ва суботу ҳамдилии сокинони мамлакат, ҳифзи боэътимоди иншоотҳои муҳим ва махсусан муҳими давалативу ҷамъиятӣ, ки аҳамияти сратегӣ доранд, тамоми нерӯву тавоноии худро равона созанд.
Далер Саидмуродзода, нозири калони гуруҳи матбуотии ХДМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика