Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқболи Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе

511

Имрӯз (16.10.с.2018), дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколсев Владимир Александровичро пешвоз гирифт.
Бояд тазаккур дод, ки Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколсев Владимир Александрович ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор мегардар, ташриф овардааст.

524513

Зимни истиқболи гарму самимӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколсев Владимир Александрович ва ҳайати кории ин кишварро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, қайд кард, ки боиси хурсандист, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду Вазорат дар самти мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ боз ҳам тақвият ёфта, умед дорем дар ин замина ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика