Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Анҷоми ҷаласаи аввалини вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ

508

Дар идомаи ҷаласаи аввалини вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ (Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон), ки 6 октябри соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқ-Кули Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, оид ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ, терроризми байналмилалӣ, инчунин таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ ибрози андеша намуд.

504505

Дар ҷаласаи мазкур Котиби амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Дамир Сангинбаев иштирок намуда, зимни баромад меҳмонон ва иштирокчиёни ҷаласаро хайра мақдам гуфт. Мавсуф ба ҳамкориҳои самараноки давлатҳои минтақа баҳои баланд дода, зикр кард, ки « Аз номи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон С.Жээнбеков ва шахсан аз номи худам ба ҳамаи Шумо барои робитаи зич ва ҳамкориҳои муфид изҳори миннатдорӣ менамоям. Танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ мо метавонем бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ муборизаи беамон барем».

Дар идомаи ҷаласа Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Кашкар Джунушвалиев баромад намуда, қайд кард, ки «Пеш аз ҳама изҳори миннатдории самимии худро ба ҳар яки Шумо барои дастгирӣ ва баргузории Ҷаласаи аввалини вазирони корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иброз менамоям. Вохӯрии имрӯзаи мо дар чорчӯби ҷумҳуриҳои наздисарҳадии Осиёи Марказӣ боз як қадами устувор дар ҳамкориҳои наздиктару дастаҷамъона дар минтақа хоҳад гардид».

506507

Дар идомаи баромади худ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Кашкар Джунушвалиев ҷиҳати такмил додани механизми ҳамкориҳо як қатор пешниҳодҳои судманд баён намуд. Аз ҷумла, муқовимати якҷоя бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир, зарурияти таъсис додани махзани ягонаи бақайдгирӣ, фаъолнокии ҳамкориҳо дар самти муайян, ошкор ва тафтиши ҷиноятҳо дар соҳаи кибер-экстремизм ва кибер-терроризм ва мубодилаи таҷриба байни кормандони ташхисӣ-криминалистӣ.

Дар анҷоми вохӯрӣ Протоколи якҷояи ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон) ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин маросими баимзорасонии дигар ҳуҷҷатҳо оид ба ҳамкориҳо баргузор гардид.
Дар хотима, иштирокчиён аз густариш ёфтани ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори боварӣ намуданд.
Бо ҳамин, ҷаласа бо иштироки роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Мавриди қайд аст, ки ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳо дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳо ба хотири пешрафти мардумони давлатҳои Осиёи Марказӣ, азнавсозӣ ва фаъолнокии муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягӣ, ки дар рафти вохӯрии машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ садо доданд, доир карда шуд.

509510

Ҳамчунин дар ҷаласа роҳбарони сарраёсат ва раёсатҳои корҳои дохилӣ ва департаментҳои сарҳадии вилоятҳои вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ: Сарраёсати ВКД вилояти Чуйск, РКД дар вилояти Иссиқ-Кул, Таласс, Ош, Ҷалол-обод, Боткен (Қирғизистон); Департаменти корҳои дохилии вилоятҳои Алма-Ато ва Ҷамбули Қазоқистон; РВКД дар вилояти Суғд (Тоҷикистон), РКД дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона (Ӯзбекистон) ширкат варзиданд.

Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика