Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи аввалини Вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ

501

Рӯзи 6 октябри соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқ-Кули Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи аввалини вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ (Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирок ва суханронӣ намуд.
Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳо дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳо ба хотири пешрафти мардумони давлатҳои Осиёи Марказӣ, азнавсозӣ ва фаъолнокии муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягӣ, ки дар рафти вохӯрии машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ садо доданд, доир карда шуд.

502

Ҷаласа таҳти раёсати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қирғизистон генерал-майори милитсия Кашкар Джунушвалиев доир гардида, дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қазоқистон генерал-полковник Калмуханбет Касимов ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Пулат Бобожонов иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар ҷаласа роҳбарони сарраёсат ва раёсатҳои корҳои дохилӣ ва департаментҳои сарҳадии вилоятҳои вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Марказӣ: Сарраёсати ВКД вилояти Чуйск, РКД дар вилояти Иссиқ-Кул, Таласс, Ош, Ҷалол-обод, Боткен (Қирғизистон); Департаменти корҳои дохилии вилоятҳои Алма-Ато ва Ҷамбули Қазоқистон; РВКД дар вилояти Суғд (Тоҷикистон), РКД дар вилоятҳои Андиҷон, Намангон ва Фарғона (Ӯзбекистон) ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои такмил додани механизми ҳамкориҳо дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳамоҳангсозии мақомотҳои корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният дар ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.

503

Ҳамзамон дар рафти ҷаласа масъалаҳои муборизаи якҷоя бо ҷинояткории муташаккилона, муқовимат бо экстремизму терроризм, аз он ҷумла дар шабакаи Интернет ва масоили мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ гардиданд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика