Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва Рӯзи кормандони оперативӣ дар ВМКБ

363

Дар толори РВКД дар ВМКБ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва «Рӯзи кормандони оперативӣ» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, ҳамзамон сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А., муовини Вазири корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш ва муовини Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Нусратулло Мирзоев иштирок намуданд.

364365

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, ҳамзамон сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. баромад намуда, ҳозиринро аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба таҷлили ин санаҳои муҳим табрику таҳният намуда, қайд кард, ки барои ҳар як миллат дар баробари Ватан-Модар забон низ яке аз муқаддасоти олӣ ба шумор меравад. Зеро забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Хушбахтона забони тоҷикӣ мақоми давлатиро соҳиб гашта, мо натанҳо дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ низ бо забони ноби тоҷикӣ суханронӣ менамоем.
Мавсуф ҳамзамон кормандони оперативии ҷузъу томҳои макомоти корҳои дохилии вилоятро бо иди касбиашон табрик намуда, таъкид кард, ки кормандони оперативӣ бояд ҳамеша ба Савганди худ содиқ ва бо ғуруру ҷуръати оштинопазир дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ муборизаи беамон баранд ва барояшон сиҳатию саломатӣ ва дар фаъолияти кориашон бурдбориҳои беназир таманно кард.
Дар чорабинӣ инчунин муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов А.Ш. баромад намуда, зикр дошт, ки аз ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ таъмини амнияти шаҳрвандон, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии калон дошта, мо бояд, фаъолияти хизматиамонро дучанд намоем ва иштирокдорони чорабиниро бори дигар табрику таҳният намуд.

366367

Муовини Раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Нусратулло Мирзоев баромад намуда, таъкид дошт, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар ҳамкорӣ бо дигар қишрҳои ҷомеа бояд дар мубориза бар зидди терроризм,экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва дигар кирдорҳои номатлуб саҳми арзанди худро гузоранд.
Дар хотима муовини якуми Вазири корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори РВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода А.А. барои маҳорати баланди касбӣ ва фаъолияти хуби хизматӣ ба бархе аз кормандони самти оперативӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика