Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони озмуни «Забономӯзӣ» аз ҷониби роҳбарияти ВКД қадрдонӣ гардиданд

272

Дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ даври хотимавии озмуни ҷумҳуриявии забономӯзӣ миёни ҷавонони то синни 35-сола баргузор гардид. Дар он муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳҳор, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Азамҷон Байдуллоев ва омӯзгорони ботаҷрибаи донишкадаҳои олии мамлакат ҳайати ҳакамонро ҳамроҳӣ карданд. Ташаббускори ин озмун Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД буд.

273

Озмуни забономӯзиро бо сухани муқаддимавӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом оғоз намуда, иштирокчиёнро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ муборакбод намуда, афзуд, ки: «Мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар сарнавишт ва эҳёи тамаддуни таърихии миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуда, яке аз падидаҳои даврони Истиқлолият низ маҳсуб меёбад. Инчунин, чун як рукни муҳими давлатдорӣ дар пойдории миллати бузургу куҳанбунёди мо нақши муҳим дорад».
- Имрӯзҳо ҳар тоҷики соҳибзабон, аз ҷумла кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба тақдири минбаъдаи забони тоҷикӣ бетараф набуда, барои рушду инкишофи он саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар ҳамин раванд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи аз худ намудани забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд, дар баробари забони модарии худ забонҳои хориҷиро омӯзанд ва бо он муошират намоянд. Ин озмун низ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи забономӯзии ҷавонон, дуруст ба роҳ мондани муошират бо забонҳои хориҷӣ ташкил гардидааст, - афзуд муовини Вазир.

274275276

Ҳадаф аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии забономӯзиро ғанӣ гардонидани маънавиёти насли ҷавон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои миллию умумибашарӣ ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ маънидод намуданд.
Дар навбати худ, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Азамҷон Байдуллоев иштирокчиёнро барои ширкат дар чунин озмун табрик намуда, изҳор дошт, ки ин гуна озмунҳо, пеш аз ҳама, дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда мешаванд.
Азамҷон Байдуллоев барои гузаронидани чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ миннатдории худро ба роҳбарияти ВКД расонид.
Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва курсантони Академияи ВКД ширкат варзиданд.
Он аз рӯйи забонҳои русӣ ва англисӣ сурат гирифта, дар доираи се шарт: шифоҳӣ, хаттӣ ва тестӣ сурат гирифт.
Дар забони англисӣ ғолиби ҷойи аввал Фараҳноз Идиева - хонандаи Гимназияи №2-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо маблағи 4 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм Ситора Фозилзода - донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бо маблағи 3 ҳазор сомонӣ ва зинаи баъдиро Қурбоналӣ Сафарзода - курсанти Академияи ВКД бо маблағи 2 ҳазор сомонӣ соҳиб гардиданд.

277278279280281

Дар натиҷа, аз забони русӣ ҷойи аввалро Комила Соҳибова - хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Шаҳринав ба гирифтани 4 ҳазор сомонӣ, зинаи дуюм ба Нилуфар Урунова, курсанти Академияи ВКД бо 3 ҳазор сомонӣ ва ду ҷойи сеюмро Усмоналӣ Саидов - курсанти Академияи ВКД ва Ҳабибулло Фаттоев - хонандаи Гимназияи «Роҳнамо»-и шаҳри Душанбе бо гирифтани маблағи муайян ба даст оварданд.
Ба иштирокчиён, инчунин Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ тақдим карда шуд.
Шоҳиён Абдулло, Тоҷиддин Латипов.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика