Бо мақсади баланд бардощтани дониши назариявии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи 3-юми октябри соли 2018 бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро озмун дар самти «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» доир гардид.
Дар озмун 48 нафар кормандони оперативӣ ва дигар кормандони ҷузъу томҳои ВКД иштирок намуда, ба давраи дуюм 17-нафар роҳ ёфтанд. Давраи ниҳоии озмун дар толори маҷлисгоҳи ВКД бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД генерал-лейтенанти милитсия Сабзов Шералӣ, сардори РМЗҶМ ВКД полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, ҳайати шахсӣ ва дигар роҳбарони раёсатҳои дахлдори Вазорат доир гардид.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом зимни суханронӣ ба довталабони озмун барору муваффақият таманно намуд. Сипас, 17-нафар ғолибони даври аввал дар назди ҳозирин ба саволномаҳо ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд. Аз рӯи ҷавобҳои пешниҳодгардида ва баҳои додаи ҳайати ҳакамон корманди Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД капитани милитсяи Зоидзода Анушервон Додо ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардид.
Ҷойи дуюм насиби корманди Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе лейтенанти калони милитсия Туйчиев Фаридун Шодиевич гардид.
Ба ҷойи сеюм корманди Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД лейтенанти калони милитсия Сиҷоев Довуд Саидович шарафёб гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолиби ҷойи аввал нишони сарисинагии «Корманди беҳтарини оперативӣ» ва маблағи пулии 4000 сомонӣ тақдим карда шуд.
Ҷойи дуюм ба маблағи 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм ба маблағи 2000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Абдуллозода Эҳсон
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>