Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳори қаноатмандии рӯзноманигорон аз Нишасти матбуотӣ

437

Дар идомаи Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба саволҳои зиёди намояндагони расонаҳои дохилию хориҷӣ ҷавобҳои мушаххас дод.

438440

439

Саволҳо асосан оид ба ҳодисаи пахш намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва куштори онҳо дар минтақаи ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, шаҳрвандони кадом давлат будани онҳо, рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ, дастгир гардидани ҷинояткоронро дар бар гирифта, зикр гардид, ки аз Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсус таъсис дода шуда, ҳамаи фарзияҳо тафтиш карда мешаванд.
Дар ҷараёни Нишаст рӯзноманигорон доир ба пардохти маблағи хизматрасониҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нашъамандӣ, терроризм, экстремизм, ҳамчунин, доир ба куштори ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода - духтари панҷсолаи тоҷик дар шаҳри Серпухови вилояти Москва, сӯзан задани модар ба бадани тифли худ дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигар ҷинояткориҳо саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Мавриди қайд аст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва амнияти шаҳрвандон софдилонаю содиқона кору фаъолият намуда, бо расонаҳои дохилию хориҷӣ дар робитаи қавӣ қарор доранд. Зеро танҳо дар якҷоягию ҳамбастагӣ метавон, садди роҳи тамоми амалҳои зишти ҷомеа гардид.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuni

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика