Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ дар ВКД

433

Имрӯз (30.07.с.2018), дар толори маҷлисгоҳи ВКД Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва рӯзноманигорони зиёди расонаҳои дохилию хориҷӣ баргузор гардид.

434

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба намояндагони Васоити ахбори омма ҷиҳати ҳамкории судманд дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва амалҳои хилофи қонун изҳори миннатдорӣ намуд.
Зикр гардид, ки фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар матбуоти даврӣ ба таври васеъ инъикос гардиданд, ки дар ин ҷода ранҷу заҳмати масъулини ВАО назаррас мебошад.
Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз пешоҳангони мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон кафили тинҷиву осудагӣ ба шумор рафта, кормандони милитсия дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Дар идомаи Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар шаш моҳи аввали соли 2018 дар ҷумҳурӣ муфассал маълумот дод.

435

Зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 12 ҳазору 482 (2017-12638) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 156 ҷиноят ё ин ки 1,2 фоиз кам мебошад.
Аз шумораи умумии ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб гирифташуда 8468 (2017-8838) ҳолати он аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ошкор карда шудааст.
Дар ин давра аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ бошад 6-ҳазору 251 (2017-6490) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 239 ҳолат кам мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ 2202 (2017-2233) ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб одамкушӣ-47 (2017-49), роҳзанӣ-19 (2017-23), ғоратгарӣ 108 (2017-77), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ-66 (2017-60), авбошӣ-501 (2017-564), дуздӣ-2856 (2017-3119) ҳолат, инчунин 1483 (2017-1408) ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.
Аз тарафи кормандони ВКД 1136 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯбуда дастгир ва 361 нафар шахсони бедаракгашта маълум карда шуданд.
Мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб рафта, дар ин давра аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 1 тоннаю 176 кг 758 грамм аз ин миқдор 63 кг героин (2017 – 964кг) ошкор ва мусодира карда шудааст.
Аз ҷониби ноболиғон 555 ( 2017 - 339) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 216 ҳолат зиёд мебошад.
Дар соли равон дар ҷумҳурӣ 592 (2017-600) ҳодисаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 171 (2017-196) нафар ҳалок ва 604 (2017-634) нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

436

Дар ҷумҳурӣ 598 (2017-607) ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 11 нафар одамон фавтиданд, ки 3 нафарашон ноболиғ мебошанд, 8 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Маблағи зарар зиёда аз 4 миллиону 804 ҳазору 846 (2017- 4 миллиёну 384 ҳазору 19) сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин муддат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни илмӣ-амалӣ, фарҳангӣ, маданию варзишӣ, вохўриҳо бо ҷомеа ташкил ва гузаронида шуданд.
Бо ташаббуси Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо” дар 6-моҳи соли 2018 4 спартакиада дар 8 намуди варзиш, 2 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дар намуди шиноварӣ ва гуштини юнону римӣ дар вилояти Суғд, 74 бозии рафиқона оид ба футболи хурд доир карда шуд. Дар маҷмӯъ аъзоёни дастаи “Динамо”-и ВКД дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби 14 медали тилло, 8 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гардидаанд. Дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ бошад, динамочиён 94 медали тилло, 77 медали нуқра ва 81 медали биринҷиро ба даст овардаанд.
Айни замон, Нишасти матбуотӣ дар ВКД идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило дода мешавад.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика