Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили хотирмони рӯзи кормандони БДА

130

Имрӯз бахшида ба рӯзи таъсисёбии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар бинои ниҳоди мазкур бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии ВКД, РБДА, собиқадорону намояндагони Воситаҳои ахбори омма чорабинӣ баргузор гардид.

131132

Чорабиниро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон оғоз бахшида, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва ҳайати Мушовараи ВКД, роҳбарият ва ҳайати шахсӣ, инчунин собиқадорону нафақахӯрони БДА-ро бо рӯзи касбиашон табрику муборакбод намуда, аз ҷумла зикр кард, ки саҳфаҳои таърихи БДА аз шуҷоату қаҳрамониҳои кормандони он рангин аст. Буданд ҳолатҳое, ки ҳангоми хизматбарӣ аз кормандон на танҳо ақлу идрок, таҷриба ва фаъолият, балки мардонагиву ҷасоратро талаб менамуд ва бозрасон аз иҷрои вазифаҳои ба зимма доштаашон сарбаландона баромаданд. Имрӯзҳо низ дар сафи бозрасии давлатии автомобилии ВКД нафароне ифои вазифа менамоянд, ки ба давлату миллат ва савганди ёднамудаи худ содиқанд.
Дар тақвияти ин суханон, сардори РБДА полковники милитсия Насимзода Акбар Ғиёс илова намуд, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати кишвар ва саъю кӯшишҳои пайвастаи Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсии тамоми бахшу воҳидҳои РБДА дар миқёси ҷумҳурӣ бо шароити зарурии хизматбарӣ муҳайё гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосири самти фаъолият таъминанд. Инчунин, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ якчанд биноҳои нави БДА ва дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта пастгоҳҳои нави ҳозиразамон сохта ба истифода дода шудаанд.

133134

Итминони комил дорем, ки ҳар як корманди БДА минбаъд низ баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, пешгирии ҷинояткорӣ, қонуншиканиву ҳуқуқвайронкуниҳо ва волоияти қонун сипари боэътимод хоҳанд буд.
Ҳамчунин, собиқадорони соҳа генерал-майори мустаъфӣ Нуралӣ Шералиев ва раиси Шӯрои собиқадорони РБДА полковники мустаъфӣ Назаралӣ Раҳматуллоев бозрасонро бо иди касбиашон таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати садоқатмандона ҳидоят намуданд ва ба онҳо дар кору зиндагиашон муваффақиятҳо таманно карданд.
Дар идомаи чорабинӣ озмуни ҷумҳуриявии маҳорати касбии кормандони хадамоти роҳбонии БДА ВКД барои ноил гардидан ба унвони «Бозраси беҳтарини Тоҷикистон» ҷамъбаст гардида, ғолибони он ва як қатор кормандон барои хизмати содиқонаашон аз ҷониби роҳбарияти ВКД бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Инчунин, бахшида ба ин рӯзи хотирмон озмуни ҷумҳуриявии Воситаҳои ахбори омма бобати инъикоси масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, таҳти унвони «Роҳи бехатар» ҷамъбаст гардида, як зумра рӯзноманигорону намояндагони воситаҳои ахбори омма бо Ифтихорнома, медали ҷашнии «Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳамзамон, кормандони РБДА бо Дипломи Муассисаи давлатии «Академияи ВАО» барои ҳамкориҳои судманд бо ВАО қадрдонӣ карда шуданд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ, Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonuno

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика