Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд

398

21-уми июни соли 2018 дар «Қасри шиноварӣ»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз ёфт.
Дар ин мусобиқа, ки бори аввал дар чунин сатҳ дар кишвари мо баргузор мегардад беш аз 80 нафар шиноварон аз 8 кишвари дӯсту ҳамсоя иштирок доранд. Дар маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, намояндагони Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуда, баргузории мусобиқаи бонуфузро шаҳодатгари таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии кишвар ба рушди варзиш арзёбӣ карданд. Гуфта шуд, ки ин намуди варзиш, ки ба саломатии инсон фоида дорад, сол аз сол дар кишвари мо рушду нумуъ ёфта истодааст.

399

Аз ҷониби Федератсияи миллии шиноварии ҷумҳурӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст то ин, ки шиноварони болаёқат ба камол расанд. Ташкили чунин мусобиқаҳои сатҳи баланд фаъолияти назарраси Федератсияро бозгӯ менамояд.
Қасри шиноварии шаҳри Хуҷанд баъди таъмиру азнавсозӣ ба стандартҳои байналхалқии варзишӣ мутобиқ карда шуда, аз ҷониби варзишгарон ба шароити фароҳамгардида ва ташкили мусобиқа баҳои баланд дода шуд.
Дар маросими расмии мусобиқа дастаи шиноварони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоққистон, Қирғизистон, Туркманистон, Россия ва Беларусия иштирок доштанд. Пеш аз оғози мусобиқа ба шиноварон барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.
Мақсади асосии баргузории мусобиқа баланд бардоштани малакаи касбии варзишгарон, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва омода намудани шиноварон ба мусобиқаҳои бонуфӯзи байналхалқӣ мебошад.

400401402

Рӯзи аввали мусобиқа варзишгарон барои дарёфти мақомҳои фахрӣ аз намудҳои «брас», «батерфлай», «пуштноки шинокунӣ» ва «эстафета» дар масофаҳои 50, 100, 200 метр ва аз ин бештар байни ҳам рақобат карданд.
Ёдрас мешавем, ки мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ то санаи 23-юми июн идома меёбад ва ғолибону ҷоизадорон муайян гардида, аз ҷониби Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Акбар Шарифов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика