Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири умури дохилаи Афғонистон дар ҳошияи конференсияи байналмилалии сатҳи баланд

104

Санаи 21 июни соли 2018 дар ҳошияи конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки рӯзҳои 20-21 июн дар шаҳри Душанбе доир гашт, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Вайсаҳмад Бармак мулоқот намуд.

105106

Дар мулоқот ҳамчунин Раиси сеюми сиёсии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Султонаҳмад Баҳин, мусташор ва масъули бахши консулӣ Аҳмад Амирзода, котиби сеюми бахши амниятӣ Маҳаммадназир Қосимӣ, муовини Атташеи низомӣ Барёлай Тутохел, ёрдамчии Вазири умури дохилаи ҳамин кишвар Муҳаммадқасим Кӯҳистонӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД полковники милитсия Абдуллозода Зумрад, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташшакили ВКД полковники милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД полковники милитсия Нуъмонзода Раҳматулло, сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД полковники милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич, Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ва сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД подполковники милитсия Саидзода Шоҳрух ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни мулоқот Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки «Мо аз дидори мардуми ба мо дӯсту бародар, ҳамфарҳанг ва аз ҳама пеш ҳамсояи наздик хело хушнуд буда, умедворем, ки робитаҳои байни вазоратҳои мо бо саъю кӯшишҳои муштарак дар ҳамаи самтҳои мухталифи ҳамкорӣ мазмуну мундариҷаи мушаххасро касб карда, рӯ ба густариш хоҳанд овард.
Мавриди қайд аст, ки муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо манбаи пуриқтидори шартномавӣ-ҳуқуқӣ мустаҳкам гардонида шудаанд».

107

Дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо мавзӯи амният ва суботи минтақавӣ, аз ҷумла муборизаи усулӣ бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллиро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд карданд, ки муваффақияти мубориза ба муқобили ин гуна зуҳуроти номатлуб дар ҳамкории муштарак ва дастаҷамъона имконпазир мебошад.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо бо итминони комил изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир бо пуррагӣ вусъат ёфта, дар заминаи манофеи муштарак мубодилаи макотиб, иттилоот ва таҷриба тақвият бахшида мешавад.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба

 


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика