Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Раиси Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус

101

15 майи соли 2018 дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Раиси Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус генерал-майори адлия Швед Андрей Иванович мулоқот анҷом дод.

Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Раиси Кумитаи мазкур Швед Андрей Ивановичро ба муносибати баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти экспертизаи судӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии экспертизаҳои судии Ҷумҳурии Беларус табрику муборакбод намуда, дар амалӣ намудани иқдомҳои минбаъда барору комёбиҳо таманно кард.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушду густариш додани ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти фаъолияти экспертизаи судӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, омӯзиши технологияи муосир ва нанотехнология, мубодилаи иттилоот, таҷриба ва амалӣ намудани экспертизаҳои муштараки судӣ, криминалӣ, инчунин гузаронидани таҳқиқот дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотима, ҷонибҳо аз тақвият ёфтани ҳамкориҳои муштарак дар самти ташхисӣ-криминалистӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика