Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор» дар шаҳри Кӯлоб

494

З майи соли 2018 дар доираи ислоҳоти милитсияи тоҷик барои баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҷавонон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии идона, маҳфили адабии шеъру суруд бо номи маҳфили «Ҳамешабаҳор» бо роҳбарии шоири ширинкалом, узви Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрандаш ва сарояндаи ҷавону умедбахш, узви фаъоли ансамбли «Сипар»-и ВКД Сабринаи Мирзо баргузор гардид.
Дар маҳфили фарҳангии мазкур, ки зиёда аз 3 соат идома дошт, беш аз 600 нафар устодону хонандагони мактабҳои миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб ва донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб фаъолона иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ роҳбари маркази Матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба аҳли фарҳангу адаби шаҳри Кӯлоб барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

495

Баъдан маҳфили адабии «Ҳамешабаҳор»-ро шоир Хайрандаш оғоз намуда, дар маҳфили мазкур, ки аз ҳафт равзана (Афрӯза, Афроза, Афшина, Афшона, Андеша, Ангора ва Ангеза) иборат буд, хонандагону донишҷӯён фаъолона иштирок варзида, 7 нафар ғолибон маълум гардида ба Ифтихорномаи фахрии ВКД ва инчунин туҳфаҳои хотиравӣ сазовор гаштанд.

493

Аз ҷумла, ғолиби равзанаи «Ангеза» (байтбарак) соҳиби шоҳҷоизаи ин маҳфил - телефони мобилии «Самсунг Галакси J5» гардид.
Иштирокчиён аз ин маҳфили ҷаззобу хотирмон ба худ таассуроти нек бардошта, зикр карданд, ки баргузории чунин маҳфилҳои адабӣ барои баланд бардоштани фарҳангу маърифат ва ҳуввияти миллии насли наврасу ҷавон манфиатбахш мебошад.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика