Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастаи таъиноти махсуси милитсия ҳамеша дар сафи пеш қарор дорад

374

Имрӯз (16.04.с.2018), дар доираи сафари хизматӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Дастаи таъиноти махсуси милитсия бо қароргоҳ дар ноҳияи Рашт омада, бо ҳайати шахсии ин ниҳод вохӯрӣ доир намуд.
Ҳамчунин мавсуф аз шароит ва рафти хизматбарии Дастаи таъиноти махсуси милитсия, ҳолати омодабошӣ, ошхона ва корҳои ободонию созандагӣ боздид ба амал овард.
Дар рафти вохӯрӣ ва сӯҳбати самимӣ Вазири корҳои дохилӣ қайд кард, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмат ва вазъи иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ рӯз аз рӯз беҳтар гардида, барои онҳо тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ таъкид намуд, ки кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсия ба варзиш таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, пайваста машқу тамрин намоянд. Зеро варзиш ба ҳар як инсон нерӯи тавоно бахшида, баёнгари тарзи ҳаёти солим мебошад.

370

Дар хотимаи мулоқот Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати шахсии ДТММ минтақа ва ноҳияи Рашт як қатор дастуру супоришҳо дода, қайд кард, ки дар роҳи мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта бошанд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика