Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ аз ҷараёни корҳои хоҷагидорӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт

364

Имрӯз (16.04.с.2018), дар доираи сафари корӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз заминҳои хоҷагии ёрирасони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Нуробод дидан карда, аз рафти кишту кори баҳорӣ, тоза намудани навдаҳои дарахтони мевадиҳанда ва шинонидани маҳсулоти кишоварзии гуногун ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.

365

Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои хоҷагидорӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба масъулини соҳа ҷиҳати киштгардону шудгори заминҳо, ҷалби мутахассисони соҳа ва баланд намудани ҳосилнокии замин супоришҳои мушаххас дод.
Мавриди қайд аст, ки маҳсулоти гуногуни сабзавоту меваҷот барои таъминоти ҳайати шахсии қисмҳои низомии Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, Воҳидҳои ҳамоҳангсозии таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД мунтазам фиристода мешаванд.
Айни замон, сафари кории Вазири корҳои дохилӣ ба минтақа ва ноҳияи Рашт идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило хоҳем дод.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика