Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қӯшунҳои дохилии ВКД сипари боэътимод ва такягоҳу муҳофиз

168

Қӯшунҳои дохилии ВКД аз сохторҳои низомии боэътимоди кишвар ба ҳисоб меравад, ки санаи 10 апрели соли 1993 таъсис ёфтааст. Яке аз воҳидҳои Қӯшунҳои дохилии ВКД дар гарнизони ҳарбии Суғд ин қисми низомии 3501 мебошад. Ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои дохилии ВКД дар қисми низомии мазкур, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст баҳри гиромидошти хотираи шаҳидони сохти конститутсионӣ дар зери Муҷассамаи ёдгорӣ, ки дар даромадгоҳи қисми низомӣ ҷойгир аст гулчанбар гузошта шуд.

169170

Дар чорабинии мазкур сарбозону афсарон, роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, собиқадорони Қӯшунҳои дохилӣ ва намояндагони МИҲД шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Абдураҳмон Муборакқадамзода хизматчиёни қисми низомии 3501 РҚД Вазорати корҳои дохилиро ба Рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои дохилӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуд. Номбурда зимни суханрониаш зикр намуд, ки Қӯшунҳои дохилии ВКД сипари боэътимод, такягоҳу муҳофиз ва ҳамқадаму ҳамсоли Истиқлолияти давлатӣ буда, давоми 25 соли фаъолият афсарону сарбозони он вазифаи муқаддаси худро дар ҳифзи марзу буми аҷдодӣ содиқона ва сарбаландона иҷро намудаанд.
Дар чорабинии тантанавӣ, ҳамчунин собиқадори соҳа, собиқ фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД, генерал-майори мустаъфии милитсия Абдуманнон Ғозиев ва намояндаи Ҳукумати шаҳри Хуҷанд суханронӣ намуда, саҳми сарбозони қисми низомиро дар таъмини амнияти давлат, сулҳу оромӣ ва тинҷиву осоиштагии мардуми кишвар назаррас арзёбӣ намуданд.
Ҷоизи зикр аст, ки ҳамарӯза сарбозони қисми низомии 3501 дар якҷоягӣ бо хадамоти пайраҳадорӣ ва дигар бахшҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва муҳофизати иншоотҳои махсуси давлатӣ сафарбар гардида, дар ин самт саҳми арзанда мегузоранд.
Ба муносибати санаи таърихӣ як қатор афсарону сарбозони қисми низомӣ соҳиби рутбаҳои навбатӣ, Сипоснома, Ифтихорнома ва нишонҳои сарисинагӣ гардиданд.

171

Дар қисмати дуввуми чорабинӣ сарбозони қисми низомӣ машқҳои тактикӣ намоиш доданд. Иҷрои машқҳо бо яроқ, қоидаи истифодаи воситаҳои махсус ҳангоми сар задани ошубҳои оммавӣ, усулҳои худмуҳофизатӣ, муҳорибаҳои тан ба тан ва дигар ҳаракатҳои махсуси низомӣ дар саҳнаҳои шартӣ манзури ҳозирин карда шуд.
Гузашти низомии афсарону сарбозон анҷомбахши чорабинии тантанавӣ гардид. Ҳамчунин барои болидахотирии сарбозон роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бахши фарҳангӣ ташкил намуда, дастархони идона оростанд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика