Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД

350

Имрӯз (10.04.с.2018), дар дараи Марғоби шаҳри Ваҳдат ҷашни 25-солагии таъсисёбии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур кормандони Дастаҳои махсуси Раёсати қӯшунҳои дохилӣ, ДТММ, «Алфа»-и КДАМ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуданд.

351352

Дар чорабинии мазкур Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ чор марҳилаи машқҳоро доир ба наҷот додани шахсони ба гаравгон гирифташуда, машқҳои тан ба тан, гузаштан аз монеаҳо, аз силоҳҳои вазнини ҷангӣ, миномёт ва пелемётҳои дорои калибри калон барои несту нобуд кардани душманони шартӣ ва нишонҳо намоиш доданд.
Инчунин чорабиниҳои варзишӣ доир ба 25-солагии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

353

Иштирокчиёне, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд, аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мукофотҳои пулӣ ва медалу Ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарони аввали сохторҳои қудратӣ иштирок намуданд.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuno

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика