Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон аз «Шаҳри бехатар»

79

Дар идомаи вохӯрӣ, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майори милитсия Бобожонов Пулат Раззаковичро ҷиҳати шиносоӣ аз фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар»-и Вазорати корҳои дохилӣ раҳнамоӣ намуд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майори милитсия Бобожонов Пулат Раззокович аз тарзи корбарии камераҳои мушоҳидавии «Шаҳри бехатар», назорати кормандони соҳа аз болои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дидан намуд.

80

Зимни боздид Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қайд намуд, ки тавассути камераҳои мушоҳидавии «Шаҳри бехатар» дар баробари ошкору пешгирии ҷинояту қоидавайронкунии роҳу нақлиёт, инчунин ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майори милитсия Бобожонов Пулат Раззокович аз ин дастоварди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки онҳо низ тасмим доранд дар ояндаи наздик дар шаҳрҳои калонтарини кишвари худ чунин низоми худкорро ба роҳ монанд.

81

Дар хотимаи вохӯрӣ, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда дар фазои дӯстию бародарӣ изҳори боварӣ намуданд.
Раҷаббек Илёсов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика