Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии масоили мубрам дар вохӯрии Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

77

Имрӯз (10.03.с.2018), Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Бобожонов Пулат Раззаковичро, ки дар ҳайати гурӯҳи корӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Бобожонов Пулат Раззаковичро хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза барои таҳким бахшидани робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду мақомот мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки Ӯзбекистон ҳамчун ҳамсояи наздик бо мо урфу одат ва расму оини муштарак дорад ва аз қадимулайём мардумони мо бо ҳам дӯсту бародар буданд. Дӯстии бузургони адабиёти тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ намунаи барҷастаи ин муносибатҳо мебошад.
Мо бояд аз гузашта беҳтару бештар ҳамкориҳои худро густариш дода, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир дар ҳамбастагию якҷоягӣ фаъолият намоем.
Мавриди қайд аст, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба фаъолона рушду густариш ёфта, ҳарду давлат дар фаъолияти ИДМ ва СҲШ нақши калидӣ дошта, дар таъмини амният ва суботи Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузоранд.

78

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба меҳмони баландпоя ҷиҳати рушду равнақ додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд як қатор таклифҳо пешниҳод намуд. Аз ҷумла, мубодилаи иттилооти оперативӣ, мустаҳкам намудани ҳамкориҳои пайвастаи воҳидҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду ҷониб, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар заминаи Академияҳои Вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар, омӯзиши таҷрибаи якдигар, ташкил намудани семинару конфронсҳои илмӣ-амалӣ ва чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ва дигар самтҳои корӣ.
Дар навбати худ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Бобожонов Пулат Раззакович аз пазироии самимонаи ҷониби Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки муносибати дӯстонаю бародаронаи роҳбарони ҳарду давлат моро ба он водор месозад, ки ҳамкориҳоро дар сатҳи олӣ ба роҳ монем.
Ҳамчунин изҳор дошт, ки таклифҳои пешниҳоднамудаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси дастгирӣ буда, мо бояд бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояту ҷинояткорӣ дар якҷоягӣ мубориза барем.
Дар идомаи вохӯрӣ Бобожонов Пулат Раззакович доир ба рафти ислоҳоти милитсия дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва таҷрибаи андӯхта аз дигар давлатҳо дар ин самт изҳори андеша намуд.
Мавсуф ҳамзамон пешниҳод намуд, ки дар фурсати кӯтоҳтарин ҳайати намояндагони Академияҳои Вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар метавонанд мубодилаи таҷриба намоянд.
Гул Маҳбуба, Умарҷони Эмомалӣ.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика