Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Он ки нури дидаву тоҷи сар аст, модар аст!

311

Имрӯз (07.03.с.2018), дар толори Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Модар» бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо, кормандзанони милитсия, бонувони собиқадори мақомоти корҳои дохилӣ, ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳамаи кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмононро бо ин ҷашни фархунда – «Рӯзи Модар» табрику муборакбод намуда, ба онҳо бахту саодат, сиҳатмандӣ, барору комёбиҳо ва рӯзгори ободу осуда таманно кард.

312313314

Зикр гардид, ки «Имрӯзҳо садҳо нафар занони мақомоти корҳои дохилӣ дар баробари мардон паҳлӯ ба паҳлӯ истода, бо саҳмгузорӣ дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, аз худ истеъдоду лаёқати баланди корбарӣ, вафодорӣ ва садоқат ба ин пешаи пурифтихорро зоҳир менамоянд.
Айни замон дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1600 нафар занон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора зиёда аз 80 - нафар дар ҳайати роҳбарикунанда масъулияти баланди касбиро ба ӯҳда доранд. Ҳамасола бо дастгирию ғамхории Президенти кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашну маъракаҳо онҳо барои хизмати софдилона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ ва садоқат ба давлату миллат бо ордену медалҳо ва тӯҳфаю мукофотҳои пулию молӣ қадршиносӣ карда мешаванд”.
Дар ҷараёни чорабинии идона бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандзанони милитсия барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва бахшида ба «Рӯзи Модар» бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо қадрдонӣ гардида, бонувон-собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

315316

Ҳамчунин як зумра ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» барои ҳамкории зич бо мақомоти милитсия, саҳм гузоштан дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию ҷамъиятӣ бо тӯҳфаҳои қимматнок қадрдонӣ карда шуданд.
Дар идомаи ҷаласаи тантанавӣ муовини сардори Шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РВКД дар шаҳри Душанбе Бибиноз Хушвахтова ва нозири калони ХПҲНҶ ВКД Нигора Шарифзода баромад намуда, ба Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати дастгирию ғамхориҳои пайвастаашон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Ҳамчунин аъзои фаъоли гуруҳи “Авангард” Шарифзода Зебогули Ҳоким доир ба ҳамкориҳои судманди ҷавонони “Авангард” бо мақомоти милитсия маълумот дода, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бобати кӯмаку дастгирӣ арзи сипос намуд.
Қобили қайд аст, ки дар ин чорабинии пуршукӯҳ занҳои фаъол, намояндагони идораву сохторҳои давлатӣ, бонувоне, ки дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ саҳми арзанда доранд, иштирок намуданд.
Ҳамзамон ҳунармандон ва ситораҳои шинохтаи санъати волои тоҷик, аз ҷумла Боғигул Саидова, Абдулхайри Мумин, Олими Ҷумахон, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Мадина Акназарова, Амрохон Раҳимов, Ортиқи Қодир ва дигарон ба чорабинии идона бо тараннуми суруду таронаҳои пурмазмун ва ҷаззоб дар васфи зан-модар, Ватан, ишқу муҳаббат, ҳусни дигаре зам намуданд.
Дар хотима Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бори дигар дар симои бонувони мақомоти корҳои дохилӣ тамоми занони ҷумҳуриро бо Иди зебои Модар табрику таҳният намуда, ба ҳунармандону санъаткорон изҳори миннатдорӣ намуд.

317318

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Идигул Тағо баромад карда, зикр кард, ки мақоми занон дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам баланд гардид. Занон баробари мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ шуда, дар ин самт ба муваффақиятҳо ноил гардиданд. Таҷлили «Рӯзи Модар» дар ҷумҳурӣ, эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», касбомӯзии занони хонанишин, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, дастгирии занони соҳибкор, ҷудо намудани квотаҳои президентӣ ба духтарони навоҳии дурдасти кӯҳистон ва қабули барномаҳои давлатии баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа аз таваҷҷуҳи махсуси Президенти кишвар нисбат ба мақому манзалати зан-модар дарак медиҳад.
Таҷлили “Рӯзи Модар” дар Вазорати корҳои дохилӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ба поён расид.

319320321

Мавриди қайд аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД, мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳии кишвар ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор ба масъалаи соҳибкасб намудани занону духтарон ва таъмини онҳо бо ҷои корӣ тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд. Ташаббусҳои занон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ доим дастгирӣ ёфта, бо мақсади амалӣ намудани онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Имрӯз бонувон дар мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамаи раёсату шӯъбаҳо ва бахшҳо фаъолияти босамар доранд. Дар оянда дар назар дошта шудааст, ки шумораи кормандон аз ҳисоби бонувон-хатмкунандагони Академияи ВКД ва Коллеҷи милитсия зиёд карда мешаванд. Барои дастгирии занону духтарони мақомоти корҳои дохилӣ дар зинаҳои гуногун Вазири корҳои дохилӣ имтиёзҳо муқаррар намудааст ва чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол на дар ҳама раёсатҳо ва шӯъбаҳо нисбат ба зиёд намудани шумораи занон, ҷалби бештари занон ба гирифтани маълумоти олии Академияи ВКД аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Имрӯз корманд-занони милитсия бо дарки баланди масъулиятшиносӣ, бо ҳисси ифтихору самимият, ин вазифаи пурифтихору душворро сарбаландона ба ҷой меоранд.
Бояд қайд намуд, ки интихоби ин пешаи пурифтихору масъулиятнок, ки аз ҳар нафар шуҷоату матонат, ҳушёриву зиракӣ ва донишу истеъдодро талаб мекунад, бахусус барои занҳо аз тавоноию иродаи қавӣ доштани онҳо, шаҳодат медиҳад.
Боло бурдани мақому мартабаи зан, ки пайваста дар суханрониҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд садо медиҳад, нишони таваҷҷӯҳ ва эътибори ҷиддӣ додан ба занону модарон мебошад.
Гул Маҳбуба, подполковники милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика