Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи тантанавӣ дар Хадамоти давлатии «Муҳофиза» бахшида ба «Рӯзи Модар»

151

Зан-модар бахшояндаи ҳаёт ва сарчашмаи зиндагист ва танҳо модар метавонад бо вуҷуди сахтиҳои гарони рӯзгор бар рӯи фарзанди худ лабханд намояд. Баҳри қадрдонӣ аз заҳмат ва табрики занҳои ҷасури мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар қатори мардон либоси низомӣ ба бар карда, дар баробари мардон дар паҳлӯи онҳо содиқона ва софдилона адои хизмат менамоянд, дар Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси идона бахшида ба «Рӯзи модар» баргузор гардид.

152153

Дар чорабинии мазкур сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза» генерал-майори милитсия Раҳмонзода Алихон Футур кормандон-занони Хадамоти мазкурро ба муносибати «Рӯзи модар» аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва ҳайати шахсии Хадамот табрик намуда, хизмати занони Хадамоти мазкурро бо медалу нишон, Сипосномаву Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ намуд.
Саидмуродов Далер, нозири калони гурӯҳи матбуотии

Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonun

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика