Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиҳӣ зан-модар, ки бо ҳастият нур офаридӣ!

145

Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ «Рӯзи Модар» ва гиромидошти мақому манзалати бонувону модарон маҳфили идона доир намуданд. Дар радифи «Рӯзи модар» 30 нафар корманд-занони милитсия бо фармони роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои соҳавӣ ва Сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

146

Дар чорабинии идона ҳамаи корманд-заноне, ки дар сафи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе кору фаъолият менамоянд, иштирок намуданд. Чорабинии идонаро муовини аввали сардори Раёсат, полковники милитсия Ҳотамҷон Дадабойзода ифтитоҳ бахшида, оиди мавқеи занон дар рушди ҷомеа суханронӣ намуд. Номбурда ҳамчунин бонувони мақомот ва дар симои онҳо тамоми занони кишварро ба ифтихори «Рӯзи Модар» табрику таҳният гуфт.
Сипас сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, дар оғоз номаи табрикотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба муносибати таҷлили иди занону бонувон «Рӯзи Модар» қироат намуда, аз номи роҳбарияти ВКД тамоми бонувони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати ҷашни пуршукӯҳ – «Рузи Модар» табрик намуд.

147

Шариф Назарзода ҳамчунин зимни ироаи Паёми табрикотиаш тамоми модарону бонувони кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол, корманд-занони мақомоти милитсияи шаҳри Душанберо ба ифтихори ҷашни саиду фараҳбахш "Рӯзи Модар", ки дар рӯзҳои нахустини баҳорӣ - эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебо таҷлил мегардад, самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки онҳо муваффақияту комгорӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон пешравиҳои нав ба навро таманно намуд.
Номбурда инчунин аз мақому манзалати зан-модар, нақши арзандаи ӯ дар тарбияи ҷомеа сухан гуфта, таъкид намуд, ки дар сафи мақомоти милитсия шумораи зиёди занон низ кору фаъолият дошта, бо ақлу заковат ва иродаи мустаҳками хеш дар баробари мардон баҳри таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ кору фаъолият намуда, дар иҷрои масъулиятҳои бар душашон вогузор гардида, бо сарбаландӣ мебароянд.
- Имрӯз хизмати зан - модар дар тамоми самтҳои фаъолият назаррас аст. Мавқеи зани тоҷик дар ҳамаи корҳои давлатию ҷамъиятӣ ба таври мусбат арзёбӣ мешавад. Боиси ифтихори мову шумост, ки дар сафи милитсияи тоҷик то ба имрӯз беҳтарин, арзандатарин ва шоистатарин занони тоҷик бо ақлу заковат ва иродаи мустаҳками хеш баҳри оромию осудагӣ, сулҳу субот хизмати содиқона менамоянд, - иброз дошт роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт.

148149150

Мавриди зикр аст, ки имрузҳо зиёда аз 100 нафар корманд-занони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар иҷрои вазифаҳои ба душашон вогузоргардида масъулиятшиносӣ зоҳир намуда, софдилона хизмат карда истодаанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ 88 нафар занҳо, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз худ маҳорату малакаи баланди касбӣ нишон додаанд бо фармонҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе бо медалу нишонҳои соҳавӣ, Ифтихорномаву Сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Илова ба ин бо фармони дигари Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 38 нафар заноне, ки ҷиҳати корҳои ободонӣ ва тозагии биноҳои маъмурии мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе саҳми арзанда мегузоранд, бо маблағи пулии ҳар кадоме ба миқдори 100-сомонӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фароғатӣ манзури иштирокчиён гардида, ҳаҷвнигорон ва ситораҳои машҳури эстрадаи санъати тоҷик аз қабили Сурайё Қосимова, Шабнами Сурайё, Қурбон Алиев ва дигарон бо дастовези суруду таронаҳои дилнишин чорабинии идонаро ҷилои тоза бахшиданд.
Муҳсин Юсупов, Сироҷиддин Шукуров.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика