Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Вена

266

Санаи 12 феврали соли 2018 дар Қасри Хофбурги Ҷумҳурии Австрия ҷаласаи навбатии Шўрои амниятии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ҷараёни ислоҳоти милитсия ва дар ин раванд нисбати корҳои ба анҷом расонидашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин густариши муносибатҳо бо САҲА шинос намуд. Маърузаи Раҳимзода Р.Ҳ. аз ҷониби мамлакатҳо-аъзоёни САҲА хуб пазируфта шуд. Намояндагони Словакия, Булғория, ШМА, Словения, Канада, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо ақидаҳои худро вобаста ба баромади вазир мусбӣ арзёбӣ намуданд. Онҳо ташаббус ва кўшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати ислоҳоти милитсия дастгирӣ намуда, қаноатмандии худро доир ба амалигардонии ислоҳоти милитсия қайд карданд.

267268

Ҳамчунин мулоқоти расмии Р.Ҳ. Раҳимзода бо Котиби Генералии САҲА Томас Гремингер, Раиси Шўрои амнияти САҲА хонума Мария Виктория Гонсалес Роман, Директори маркази САҲА оид ба пешгирии низоъ Марсел Пешко, директори Раёсати таҳдидҳои фаромилии САҲА хонума Раса Остраускайте ва Директори иҷроияи Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ Федотов Юрий Викторович баргузор гардид.

269

Дар рафти мулоқот масъалаҳои раванди ислоҳоти милитсия, пешгирии хатарҳои трансмиллӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва ғайра баррасӣ гардиданд. Намояндагони САҲА ва Созмони Миллали Муттаҳид қайд карданд, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун шарики боэътимод арзёбӣ карда мешавад ва омода ҳастанд, ки ҳамаи иқдомҳои Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд, чунки он дар хати якуми муқовимат бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ қарор дорад.

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика