Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Паём дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

132

Имрӯз (07.02.с.2018), дар доираи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баргузор гардид.

130

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ректори Донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт Маҳмадизода Муродалӣ Маҳмадӣ, муовинони сардори Раёсат, сардорони шуъбаҳои хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, кофтукови ҷиноятӣ, ташкилӣ-нозиротӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт ширкат варзиданд.
Нахуст, сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт полковники милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллатро ба устодону донишҷӯён шарҳу эзоҳ дода, қайд кард, ки дар Паёми имсола Пешвои миллат соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.
Ҳамчунин Сарвари давлат зимни ироаи Паём зикр карданд, ки «Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардид.
Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад.
Дар соли 2018 Тоҷикистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба дӯш гирифта, чорабиниҳои муҳим аз қабили Мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзо баргузор мегарданд.
Ҳамчунин, дар соли 2018 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд».

131

Дар идомаи вохӯрӣ Азизулозода С.А. вобаста ба сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, оқибатҳои терроризму экстремизм ва пешгирии он суханронӣ намуда, оид ба паҳлӯҳои гуногуни санадҳои марбутаи меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ кард.
Тавре қайд карда шуд, мактаби олӣ барои ҳар як ҷавон макони омӯзиши илму дониш ва маркази таълиму тарбия мебошад. Омӯзгорони он бошанд, дар навбати худ ҷаҳонбинӣ, ҳисси ватандӯстиву зебоипарастӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи донишҷӯёнро такмил медиҳанд.
Таъкид карда шуд, ки донишҷӯён бояд вақти пурқиммати худро ба корҳои беҳуда сарф накарда, ба омӯхтани илму дониш, техникаву технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ, машғул шуда, аз ҳар гуна кирдори ҷинояткорона ва амалҳои номатлуб парҳез намоянд.
Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокчиён доир ба сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, оқибатҳои терроризму экстремизм ва пешгирии он як қатор пешниҳодҳои судманд баён намуданд.
Мавриди қайд аст, ки Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт чун садҳо иншооти дигари манотиқи гуногуни кишварамон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ин муассисаи давлатии таълимӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми майи соли 2013, дар заминаи Филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ин ноҳияи дурдаст таъсис дода шуд, ба хотири коҳиш додани ниёзмандӣ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар ин минтақаи кӯҳистон ба фаъолият оғоз намуд.
Донишкадаи мазкур, ки бо кӯмаку дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити мусоиди таҳсилу илмомӯзӣ таъмин гардидааст, мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни самти омӯзгорӣ барои тамоми ноҳияҳои минтақаи Рашт тайёр месозад, ки онҳо дар рушду тараққиёти ин қисмати Ватани азизамон нақши муҳим доранд.
Гул Маҳбуба


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад