Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ дар Суғд

153

Рӯзи 2-юми феврали соли 2018, дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии раёсат доир гардид.

154Сардори РВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо вобаста ба дастовард ва натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар давоми соли 2017 ба рӯзноманигорон маълумот дод. Тавре зикр гардид, мавқеи мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун ҳимоятгари ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, субъекти муборизи ҷиноят, ҳуқуқвайронкунӣ, унсурҳои ба ҷомеа хавфнок ва ҳифзкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ дар соли сипаришуда хеле назаррас буд.
Ба андешаи сардори раёсат чорабиниҳои маърифатию пешгирикунандаи доирнамудаи мақомот ба коҳишёбии вазъи ҷинояткорӣ боис гашта, дар онҳо саҳми ҳар як корманд дида мешавад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави вилояти Суғд аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 4854 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 288 ҷиноят кам мебошад. Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ ошкорнамоии 4478 ҷиноят таъмин карда шудааст, ки ин нишондиҳанда ба 93,35% баробар аст.
- Яке аз натиҷаҳои бозгӯкунандаи маҳорати баланди касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Суғд дар он таҷассум мегардад, ки ошкорнамоии ҷиноятҳои одамкушӣ ва сӯиқасд ба он, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба ҷон, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, одамрабоӣ, ҷиноятҳои бо истифода аз силоҳ содиршуда, умуман ҷиноятҳои категорияи махсусан вазнин ба пуррагӣ таъмин карда шудааст. Ҳамчунин, бо бурдани чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ содиршавии якчанд ҷиноятҳои таъсири васеи ҷамъиятидошта пешгирӣ гардид, - афзуд Қ.Назарзода.

155

Дар рафти нишасти матбуотӣ вобаста ба ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Қ.Назарзода ба намояндагони ВАО маълумоти заруриро баён дошта, илова намуд, ки дар ин давра Воситаҳои ахбори омма бо нерӯи созандаи худ дар иҷрои вазифаҳои мақомоти милитсия мусоидати фаъол намуд ва чунин алоқамандӣ минбаъд идома хоҳад ёфт. Ҳар камбудие, ки вобаста ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ВАО инъикос меёбад, ё пешниҳоде аз ҷониби рӯзноманигорон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ карда мешавад, мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Рӯзноманигорон ба сардори раёсат оид ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳо, нақшаҳои минбаъда ва дигар муаммоҳои рӯзмарра, ки ба фаъолияти милитсия алоқаманд аст, суолҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

156

Дар охир сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят иброз дошт, ки кормандони милитсия минбаъд низ баҳри пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии сокинон беш аз пеш фаъолият намуда, сазовори боварии Роҳбарияти олии мамлакат ва мардум буданро аз даст нахоҳанд дод.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2018 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд. Бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об - «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид. Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ....>>>

Qonuni

© 2019 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика