Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзноманигорон қадрдонӣ шуданд

151

Аз чопи нахустин шумораи ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и Вазорати корҳои дохилӣ 10 сол пур шуд. Ба ин муносибат, имрӯз (2 феврал) роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол зимни як чорабинӣ аҳли эҷоди ин нашрияи соҳавиро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро табрик намуд.
Тавре ӯ изҳор дошт, имрӯз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» чун инъикоскунандаи фаъолияти шабонарӯзии мақомоти корҳои дохилӣ дар фазои иттилоотии мамлакат мавқеи устувор касб кардааст. Дар ин замина, он чун нашрияи соҳавӣ на танҳо масъалаҳоеро, ки танҳо хоси ин мақомоти бонуфузи давлатӣ мебошанд, балки мавзӯъҳоеро, ки имрӯз дархӯри ҷомеаи муосири мо ҳастанд, дар саҳифаҳои худ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор медиҳад.
«Ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа», ки бевосита зери назари Вазири корҳои дохилӣ нашр мешавад, чун дигар ҷузъу воҳидҳои Вазорат аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи роҳбари аввали мақомот бархӯрдор мебошад. Имрӯз ҳайати эҷодии он бо тамоми таҷҳизоти техникии ҳозиразамон таъмин буда, дар кори ҳаррӯзаашон аз онҳо самаранок истифода менамоянд. Дар баробари он ки ҳар шумораи нашрия ҳар ҳафта ба дасти хонандагони сершумораш мерасад, ҳамзамон, шаҳрвандон тариқи сомонаи расмии ВКД шакли электронии «Қонун ва ҷомеа»-ро низ мутолиа намуда, аз матолиби он ғизои маънавӣ мегиранд», - илова намуд Ҷ.Машрабзода.

152

Дар ин вохӯрӣ, ҳамчунин зикр карда шуд, ки боиси хушҳолӣ ва сарфарозии аҳли эҷоди ҳафтанома ва тамоми ҳайати шахсии мақомот аст, ки теъдоди хонандагони «Қонун ва ҷомеа» аз ҳисоби намояндагони касбу кори гуногун низ сол то сол афзуда истодааст, ки қисмати зиёди онҳо дар раванди амалисозии ислоҳоти милитсия иштироки фаъолона доранд.
Дар навбати худ, сардабири ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ изҳор дошт, ки «аҳли эҷоди нашрия минбаъд низ мекӯшанд то ба боварии роҳбарияти Вазорат сазовор бошанд ва барои хонандагони худ боз ҳам матолиби гуногунмазмуни ҷолибро пешниҳод намоянд».
Тоҷиддин ЛАТИПОВ


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад