Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Собиқадорон роҳбаладони кормандони ҷавонанд

Имрӯз (13.01.с.2018), дар толори маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизматии Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич, раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм, муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД подполковники милитсия Маҳмадалӣ Мусозода, кормандони бахшҳои кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ ва раисони Шӯроҳои собиқадорону аъзоёни онҳо дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

154

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич оғоз намуда, аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба собиқадорону нафақахӯрони ВКД дар соли нави 2018 саломатӣ, хонаободиву хушбахтӣ, бурдбориву муваффақиятҳо таманно намуда, барои иштирок ва саҳми арзанда гузоштанашон дар ҳама чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори сипос намуд.

155

Муовини Вазир қайд кард, ки собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ дар ҳама давру замон баҳри пешбурди самтҳои фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша саҳмгузор буданду ҳастанд. Дар соли сипаригардида низ дар ошкору пешгирии ҷиноятҳо бо кормандони милитсия ҳамкории зичи худро ба роҳ мондаанд, ки мисоли онҳо ошкори 31 далели дуздӣ аз ҷониби ду нафар собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
«Шумо, ки солҳои зиёд дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият намуда дорандаи донишу малакаи касбии хуб мебошед, инчунин дар ин сохтори бонуфуз шогирдону дастпарварони зиёдеро барои содиқона хизмат намудан ба давлату миллат омода намудаед, хуб мешуд ҳар як собиқадори Вазорати корҳои дохилӣ барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони ҷавон, ҳиссагузорӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳамкории қавии худро бештар менамуд»- чунин қайд кард Навҷувонов А.Ш.
Бори дигар муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич барои хизматҳои содиқонаву саҳмгузориҳои пайваста дар пешбурди фаъолият арзи сипос намуда, дар рафти кори ҷаласа ба масъулин бурдборӣ тамано кард.
Сипас, Раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм баромад намуда, зикр кард, ки итминони комил дорем, ки Тоҷикистони азизи мо бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам рушду нумӯъ ёфта, шароити зисту зиндагии мардуми кишвар боз ҳам хубтару беҳтар хоҳад шуд. Мо собиқадорон аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат, роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ арзи сипос менамоем.

157

Ӯ қайд кард, ки Созмони собиқадорони ВКД фаъолияти худро дар доираи талаботҳои Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома, Фармону дастурамалҳои батанзимдарорандаи фаъолияти ассотсиатсияи собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ба роҳ монда, бо мақсади иҷрои боеътимоди вазифаҳои дар назди Шӯро вогузошташуда ва таъмини дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро оид ба истифодаи таҷрибаи бою ғании собиқадорони ВКД дар тарбия ва баланд бардоштани малакаи касбии ҳайати шахсӣ, дар қалби онҳо бедор намудани ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва садоқат ба Ватан ва Савганди хизматӣ, миёни ҳайати шахсии ВКД корҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд.

156

Имрӯз дар Созмони собиқадорони ВКД 14 ҳазору 399 нафар собиқадорону нафақахӯрон бақайд гирифта шудаанд, ки дар шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ истиқомат доранд ва ҳамеша тавассути шӯроҳои собиқадорони ҷузъу томҳои ВКД бо онҳо дар робита ҳастем.
Мавсуф аз фаъолияти Созмони собиқадорон ва Шӯроҳои собиқадорон дар РВКД ва шӯъбаҳи шаҳри Душанбе ва дигар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар соли сипаригардидаи 2017 баромад намуда, зикр кард, ки собиқадорон бо ҳайати шахсӣ ҷаласаву чорабиниҳо ва вохӯриҳо доир намуда, аз хизматҳои фидокоронаи кормандони собиқи милитсия, ҷасорату шуҷоат, азму иродаи қавӣ ва далерию мардонагии онҳо ба кормандони ҷавони милитсия нақл намуда, бо панду насиҳатҳои падаронаи худ дар кори тарбияю камолоти наслҳои ҷавони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолона саҳмгузоранд.
Сипас раисони Шӯроҳои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе, Шӯрои собиқадорони РВКД дар вилояти Хатлон, Шӯрои собиқадорони РВКД дар минтақа ва гурӯҳи ноҳияҳои шаҳри Кӯлоб ва раиси Шӯрои собиқадорони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат оид ба фаъолияти хизматии худ баромад намуданд. Инчунин аз ҷониби иштирокчиёни ҷамъомад баҳри хубтару беҳтар намудани самтҳои фаъолияти шӯроҳои собиқадорон ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.

158

Дар идомаи чорабинӣ бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ «Оид ба ҳавасмандгардонӣ», барои хизмати тӯлонӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ, муносибати поквиҷдонона нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ, гузоштани саҳми арзанда дар тарбияи кормандони ҷавон, инчунин дастгирӣ намудани нафақахӯрон 10 нафар собиқадорони ВКД бо нишони сарисинагии «20-солагии таъсисёбии Созмони собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин 3 нафар собиқадорон бо медали ҷашнӣ бахшида ба «100 солагии милитсияи Россия» сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саид Ҷурахонзода ба ҳозирин барои иштирок дар ҷамъомад ва гузоштани саҳми арзанда дар пешбурди самти фаъолият изҳори сипос намуд.
Раҷаббек Илёсов


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика