Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бурду бохти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд

121

Мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд бо баргузории машварати ҷамъбастии оперативӣ аз фаъолияти оперативӣ-хизматии соли 2017 натиҷагирӣ намуд. Машварати ҷамъбастӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарияти Раёсат, сардорони шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Раёсат, шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони бахшу хадамотҳо ва ҷузъу томҳои Вазорат дар вилоят доир гашт. 

122

Дар машварати оперативӣ нахуст сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо оид ба натиҷаҳои оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии вилоят дар ҳамаи самтҳои хизматӣ маъруза намуд.
Милитсияи вилояти Суғд дар самти ошкор ва пешгирии содиршавии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, мусодираи маводи мухаддир, кам кардани баъзе намудҳои ҷиноят, ошкор намудани кушторҳои солҳои пешин ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Қабул гардидани “Барномаи вилоятии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2016 - 2017” ва дар доираи барномаи мазкур пурзур намудани чорабиниҳои хусусияти маърифативу тарбиявӣ дошта ба коҳишёбии сатҳи ҷинояткорӣ мусоидат намуд. Ҷинояткорӣ аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо, шахсони пешсудшуда то 14% поён рафта, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин одамкушӣ, роҳзанӣ, таҷовус ба номус нисбатан кам содир шудааст.
Баъди маърузаи таҳлилӣ ва шунидани бурду бохти самтҳои хизматӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Аламшозода А.А. бо такя ба маълумотҳои оморӣ фаъолияти оперативӣ, хизматӣ ва таҳқиқу тафтишотро баррасӣ намуд.
Сардорони шуъбаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, кофтукови ҷиноятӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тафтишот, таҳқиқ, хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсат, сардорони Шуъбаҳои Вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар ҷузъу томҳои ВКД аз фаъолияти солонаашон ҳисобот доданд.

123

Камбудиҳои ҷойдоштаро муовини якуми Вазир мушаххасан таъкид ва оиди боз ҳам беҳтар гардидани фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд як қатор дастуру супоришҳои муҳим дод.
Фаъолияти мақомоти корҳои дохилии вилоят давоми соли 2017 қаноатбахш арзёбӣ гардида дар хотима барои сафарбар намудани тамоми қувваю воситаҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини амнияту субот дар ҷомеа ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дастур дода шуд. Гуфта шуд, ки барои расидан ба ин ҳадаф ҳайати шахсиро зарур аст савияи дониш ва маҳорату малакаи касбиро такмил дода, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳамеша омода бошанд.
Дар умум дар ҷаласаи ҷамъбастӣ бурду бохти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Суғд муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика