Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ дар ВМКБ

146

Дар толори Раёсати ВКД дар ВМКБ вохӯрии сардори Раёсати мазкур полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб бо нозирони минтақавии милитсия, аҳли ҷамоатчигӣ, раисони маҳаллаҳо, халифаҳои шаҳри Хоруғ ва ҳудуди он баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бисёр масъалаҳои мубрами рӯз мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода М.Ғ. иштирокдорони вохӯриро сараввал бо вазъи сиёсӣ ва мавқеъи ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва алалхусус ВМКБ ва бо дигар кишварҳо ҳамсарҳад будани онро шарҳу тавзеҳ дода, қайд намуд, ки Бадахшон бо давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 910 км ҳаммарз буда, вақтҳои охир вазъи ноором ва даргириҳои дохилии он моро водор менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

147

Ғайр аз ин сардори РВКД дар ВМКБ ба иштирокдорони вохӯрӣ мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, муфассал баён намуда, соли 2018 эълон гардидани соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро барои боз ҳам фароҳам овардани шароиту имкониятҳои нав барои пешрафти зиндагии мардум арзёбӣ намуд.
Сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода М. ҳадафи асосии вохӯриро баҳри дар ҳамкорӣ бо тамоми қишрҳои ҷомеа пешгирӣ намудани содиршавии ҷинояткорӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ маънидод намуда, зикр кард, ки мо бо шумо дар ҳамкорӣ метавонем садди роҳи майзадагӣ, нашъамандӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаро гирем ва наврасону ҷавононро таълиму тарбияи дуруст дода, онҳоро дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ тарбия намоем. Дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бетараф набуда, саҳми арзишманд дар ҷомеа баҳри пойдории ҳамешагии сулҳу суботи кишварамон гузорем.

148

Сардори Раёсат инчунин қайд намуд, ки масъулияти таълиму тарбияи фарзандон аз тарафи баъзе волидон дуруст ба роҳ монда нашуда истодааст ва аз силсиладуздиҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа мисолҳо оварда, қайд кард, ки ба дуздиҳои содиршуда донишҷӯён даст задаанд. Масъалаи дигари вохӯрии мазкур ин ташвишовар будани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бе рақамҳои қайди давлатӣ ва оинаҳои сиёҳкардашуда ва танбашавӣ дар назди бозори марказии шаҳри Хоруғ ва марказҳои калони савдо буда, воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва оташхомушкунӣ наметавонанд сари вақт ба ҷойи лозимӣ расанду одамеро аз марг ва хонаеро аз коми оташ наҷот диҳанд.
Дар вохӯрӣ ва сӯҳбати озод байни раисони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ, халифаҳо ва дигар фаъолони шаҳр ҷиҳати ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳли ҷамоатчигӣ баҳри пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои зишти ҷомеа изҳор доштанд, ки мо низ дар ҳамкорӣ баҳри оромии ҷомеа ва сулҳу суботи кишварамон саҳми арзандаи худро мегузорем.
Далер Чоршанбиев, капитани милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

Qonun1

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика