Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадршиносӣ барои ошкорсозии ҷиноят

143

Пешгирии кирдорҳои зидиҳуқуқӣ ва ошкорсозии ҷинояти содиршуда вазифаи авалиндараҷаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маҳсуб ёбад ҳам, роҳбарияти ВКД барои нишондодҳои мусбӣ ва ташаббускории ҳайати шахсиро ривоҷ додан аз методҳои ҳавасмандгардонӣ истифода менамояд. Ҳайати шахсии шуъба ва хадамотҳои дастгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд санаи 5-уми январи соли 2018 дар рафти машғулияти касбӣ шоҳиди ҳамингуна қадршиносӣ аз фаъолияти нозири калони амалӣ – маъмурии взводи хадамоти роҳбонии ШБДА Раёсат капитани милитсия Қодиров Шарифҷон гардиданд.

144

Сардори Раёсат генерал-майори милитсия Назарзода Қудратулло Бобо аз масъулиятнокӣ ва хизматбарии босифати ин корманд сухан карда зикр дошт, ки шаби 31-уми декабр, тахминан соати 20:30-дақиқа, автомашинаи тамғаи номаълум дар километри 10-уми роҳи нақлиётгарди «Равот-Конибодом» бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди 39-соларо, ки дар канори рости роҳ ҳаракат мекард, пахш намуда ҷойи ҳодисаро тарк мекунад. Пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмони бардошта ба ҳалокат мерасад.
Сари вақт қувваю воситаҳои мақомоти корҳои дохилӣ ба макони ҳодиса сафарбар гардида, баъди гузашти 4 соат бо «изи гарм» гумонбари ҳодисаи роҳу нақлиётӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт мешавад. Ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «Дулан» Ҳайдаров Абдувосит Ғафурович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамон ронандаи фирорӣ аст, ки баъди дучор шудан ба садамаи ҳалокатовар ҷойи ҳодисаро тарк сохт.

145

Малака ва маҳорати баланди корбарии капитани милитсия Қодиров Ш.А., дар пайгирии изи ҷиноят, дақиқсозии тамғаи нақлиёт ва самти ҳаракати он ба ошкорсозии ҷиноят боис гашт. Сардори Раёсат бо таъкиди ин нуқта бо мақсади қадршиносӣ намудани ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, иҷрои бошарафонаи вазифаҳои ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ вогузоргардида нозири шуъбаи бозрасии давлатии автомобилиро бо Сипосномаи фахрӣ ва телевизори плазмавӣ ҳавасманд гардонид. Ҳамчунин сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилоятро барои ташкили дурусти кор бо Сипоснома қадршиносӣ намуд.
Дар рафти туҳфасупорӣ роҳбари мақомоти милитсияи вилояти Суғд Назарзода Қ.Б. таъкид дошт, ки хизмати намунавии ҳар як корманд қадр карда мешавад.
Акбар Шарифов, капитани милитсия


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика