Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо милитсионерони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия дар шаҳри Душанбе

122

Дар оғози соли нави мелодӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо мақсади шинос гардидан аз шароити хизматбарию маишӣ, кору фаъолият ва таҳлили натиҷаҳои хизматии Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсия (БХДПМ) ба қароргоҳи ин воҳиди мақомот омада, аз шароити кории он аз наздик шинос гардида, бо ҳайати шахсӣ мулоқот доир намуд. 

123

Номбурда зимни вохӯрӣ бо милитсионерони баталиёни мазкур иброз дошт, ки имрӯз бо фароҳам гардидани шароити мусоиди корӣ баҳри кормандони милитсия, фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ сол то сол беҳбуд гардида, ба як сохтори калидии кишвар мубаддал гардидааст. Сохта ба истифода додани биноҳои нави хизматӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо техникаву технологияи муосир, ки баҳри пешбурди фаъолият ва пешгирии ҷинояткорӣ равона гардидааст, аз кормандони мақомоти милитсия фаъолияти дучанд талаб карда мешавад.
Бешубҳа фаъолияти пурсамари кормандони милитсия аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти Вазорат сарчашма мегирад. Ин аст, ки кормандони милитсияи шаҳри Душанбе, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзу дар амон нигоҳ доштани молу мулки шаҳрвандон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Чун дигар ҷузъу томи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсат низ новобаста аз вазъи боду ҳаво, баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар пойтахт, дар хатсайрҳои муайяншуда, ба таври шабонарӯзӣ хизмати патрулию дидбониро ба роҳ мондаанд.
Зимни вохурӣ бо кормандони Баталиён сардори Раёсат бори дигар таъкид бар он намуданд, ки бо дарки масъулият ва иҷрои бечунучарои дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорат шабона дар хатсайрҳои муайянгардида тартиботи ҷамъиятӣ пурзур карда шавад. Дар мулоқот ҳамчунин таъкид намуд, ки кормандони Баталиёни мазкур шабона хатсайрҳои муайяншударо зери назорати қатъӣ гирифта, аз сар задани ҳаргуна амалҳои ношоиста, аз қабили дуздиву ғоратгарӣ, авбошиву бадмастӣ ҷилавгирӣ намоянд.

124

Ҳамингуна дар ҷараёни нишаст, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазири корҳои дихилӣ ва Раиси шаҳри Душанберо ҷиҳати таъмини тартибот, қонуният, хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон, бартараф намудани савдои кӯчагӣ ба ҳайати шахсӣ расонида, таъкид намуд, ки пойтахти кишвар, пеш аз ҳама бо ободу зебогии худ ва тартибу низом бояд фарқ кунад. Дар баробари ин милитсияи пойтахт низ бо рафтору кирдор, донишу маърифат ва ҳисси баланди масъулияти хизматӣ ва бо садоқатмандӣ ба давлату миллат намуна бошанд.
Доир ба беҳтар намудани натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии милитсионерони Баталиёни хизмати дидбонию пайраҳадории милитсияи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас гирифтаанд.
Дар анҷоми мулоқот таъкид гардид, ки таъмини тартибот дар шаҳри Душанбе чун маркази маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як корманди милитсияи шаҳри Душанбе масъулияти баланди хизматиро талаб менамояд.
Шукуров Сироҷиддин, нозири гурӯҳи ахборотии РВКД дар ш.Душанбе, лейтенанти милитсия.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат ....>>>

© 2018 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика