Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамеша ба САВГАНД содиқ

Воҳидҳои таъиноти махсус аз ҷузъҳои муҳими Вазорати корҳои дохилӣ маҳсуб ёфта, фаъолияти он дар асоси Конститутсия, қонунҳои амалкунандаи кишвар ва амру фармонҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба роҳ монда шудааст. Ба зиммаи воҳидҳои мазкур дар шароити душвори замони муосир вазифаҳои басо вазнину сангин ва дар баробари ин, хеле масъулиятнок, аз қабили мубориза бо тамоми зуҳуроти терроризму экстремизм, безараргардонии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноятӣ ва доир намудани амалиётҳои махсус меистанд.

Дар ҷамъомади тантанавие, ки ба муносибати таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД имрӯз 5-уми декабр дар маҷлисгоҳи ин ҷузъи мақомоти корҳои дохилӣ бо иштироки роҳбарияти Вазорат, масъулини ҷузъу томҳои мақомот ва ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсус баргузор гардид, сухан аз далерию ҷоннисории хизматчиёни воҳидҳои мазкур дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар рафт.

Тавре муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дар ин чорабинӣ иброз намуд, ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то ба имрӯз ба савганди худ содиқ буда, дар мубориза бо ҳама гуна унсурҳои ҷиноятпеша пешсаф мебошанд.
«Далели возеҳи ин гуфтаҳо амалиёти бобарор алайҳи дастаи ҷинояткори Назарзода Абдуҳалим (ҳоҷӣ Ҳалим) мебошад, ки моҳи сентябри соли 2015 дар дараи Ромит доир гардид ва хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар рафти он ҷасурию чолокӣ нишон доданд. Ҳарчанд дар натиҷаи ин амалиёт 6 нафар кормандони Воҳидҳои таъиноти махсус ба ҳалокат расиданд, вале онҳо тавонистанд бо сипар намудани тани хеш аъзои ин гурӯҳи террористиро безарар гардонида, дар расидан ба оромиву осоиштагӣ дар кишвар нақши назаррас гузоранд. Хотираи ин шаҳидони роҳи озодӣ ҳамеша дар ёди мо хоҳад монд», - афзуд А. Аламшозода.

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ аз дастгириву ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нисбати тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Воҳидҳои таъиноти махсус ёдовар шуда, зикр карда шуд, ки бо тақозои замон дар зарфи беш аз 26 соли соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ ҷузъу томҳои гуногун таъсис ёфтаанд. Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД низ аз зумраи ҳамин гуна ҷузъҳои мақомоти корҳои дохилианд, ки зодаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон мебошанд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ А. Аламшозода афзуд, ки имрӯз ба ҷуз аз пойтахт, ҳамчунин ҷузъҳои Воҳидҳои таъиноти махсус дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳрҳои Қӯрғонтеппаву Кӯлоби вилояти Хатлон, минтақа ва ноҳияи Рашт самаранок фаъолият мебаранд, ки ҳамаи онҳо бо тамоми шароити мусоиди хизмат ва техникаву лавозимоти зарурӣ таъмин мебошанд. Барои машқгузаронӣ ва такмили ихтисосу маҳорати ҳайати шахсии ин ҷузъи муҳими мақомоти корҳои дохилӣ бошад, дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва минтақаи Рашт машқгоҳу марказҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, ки бо тамоми шароити лозимӣ муҳайё мебошанд.

Зикр карда шуд, ки роҳбарияти Хукумати кишвар, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро пайваста бо шароити корӣ ва рафти хизматбарии ҳайати шахсии Воҳидҳои таъиноти махсус дар пойтахт ва тамоми минтақаҳои кишвар аз наздик шинос гардида, барои боз ҳам натиҷабахш намудани самтҳои фаъолият ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Махсусан, рӯзи 5-уми декабри соли 2013 зимни ташрифи Президенти мамлакат ба қароргоҳи Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД, бинои баландошёнаи маъмурӣ барои хизматчиёни он дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ гардид. Дар он рӯз Сарвари давлат дар назди ҳайати шахсӣ суханронӣ намуда, аз корнамоиву ҷасорати хизматчиёни ниҳоди мазкур дар мубориза бо гурӯҳҳои террористиву мусаллаҳи ҷинояткор ёдовар шуданд ва аз хотираи он диловароне, ки баҳри ба чунин рӯзҳои орому осуда расидани мо, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ қаҳрамонона ҳалок шудаанд, бо некӣ ёд карданд. 

Тавре қайд гардид, Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД вобаста ба тақозои замон, тадриҷан бо шароитҳои мусоиди хизмат, биноҳои маъмурӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар, сарулибос, таҷҳизоту техникаи автомобилӣ ва зиреҳпӯш, силоҳу лавозимоти ҳозиразамони ҷангӣ, толорҳои варзишӣ, машқгоҳҳои махсуси муҷаҳҳаз бо тамоми ҷиҳози лозимӣ дар ҳудуди шаҳр ва машқгоҳҳои саҳроии кӯҳӣ пурра таъмин мебошанд.

Дар фарҷоми чорабинии идона А. Аламшозода бори дигар роҳбарият ва ҳайати шахсии ин ниҳодро аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД табрику муборакбод гуфта, ба онҳо тансиҳативу хотирҷамъӣ ва муваффақият таманно намуд.
Ҳамчунин, ба ин муносибат бо Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсус Ифтихорномаву Сипосномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва рутбаҳои навбатӣ дода шуданд, ки аксарияти онҳо кормандони ҷавон мебошанд.

Дар қисмати ниҳоии ҷамъомади тантанавӣ баҳри болидахотирии хизматчиёни Воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД барномаи консертӣ барпо гардида, дастархони идона ороста шуд.
Раҷаббек ИЛЁСОВ,
Умед ОЧИЛОВ.


Шарҳи Шумо

Security code
Азнавсози



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Паёми имсолаи Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баъди ҷашни чорякасраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне дар даврае пешниҳод мегардад, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад.Дар зарфи бисту панҷ сол мо ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем.Мо ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатиамон анҷом додем.Зеро озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона ....>>>

Барномаи ислоҳоти милитсия


Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020 (минбаъд - Барнома) ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат буда, мақсадҳои стратегӣ, вазифа ва самтҳои асосии ислоҳоти (рушди) милитсияро муайян менамояд. Барнома дар асоси моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   Муфассал >>>

Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои ҷамъиятӣ) мақомоти ҷамъиятии машваратӣ - мушоҳидавӣ буда, бо мақсади ташкил ва таъмин
  Муфассал >>>

Стратегия


Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 - 2020 (минбаъд - Стратегия) ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди милитсия муайян намуда, амалҳоеро, ки Ҳукумати Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия


Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд  Муфассал >>>

Кодекси одоби касбии корманди милитсия ин маҷмӯи қоидаҳои рафтори корманди милитсия мебошад, ки бо мақсади муқаррар намудани қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди милитсия (минбаъд корманд), мусоидат намудан, ҷиҳати баланд бардоштани обрӯ ва эътибори корманд, боварии шаҳрвандон ба мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини меъёрҳои ягонаи рафтори корманд қабул карда шудааст

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия»

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» аз ҷониби Гурӯҳи кории дохилиидоравӣ бо ҷалби коршиносони дохиливу хориҷӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, олимони соҳаи ҳуқуқ ва кормандони амалии  Муфассал >>>

Кофтуков


© 2017 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад